Боздошти боз як узви ҲИУ дар Истаравшан

Мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд Адҳам Ҳайдарови 32-сола, мулаққаб ба Қорӣ Адҳамро бо иттиҳоми узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, Қорӣ Адҳам дар иртикоби парвандаи раҳбари ҲИУ дар Истаравшан Дилшод Раҳимови 23-сола, ки дар моҳи октябр боздошт шуда буд, ба дасти мақомот омадааст. Ба гуфтаи мақомот, Адҳам Ҳайдаров аз поёни соли 2006 ба ҲИУ пайвастааст.