Интизор меравад, сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ рӯйхати бархе аз аъзои кобинаи нави эътилофиашро имрӯз эълон кунад.
Ин иқдом гоми дигаре дар хатми бӯҳрони нӯҳмоҳаи сиёсии Ироқ арзёбӣ мешавад. Тибқи зарбулаҷали Қонуни асосӣ, Моликӣ мулзам аст, то 25 декабр рӯйхати кобинаашро барои тасвиб ба парлумон ироа кунад. Аммо интизор намеравад, ки алакай имрӯз номзадҳо ба вазоратҳои калидие, чун умури дохила, дифоъ ва амнияти миллӣ, эълон шаванд. Бар асоси тавофуқи як моҳ пеши байни гурӯҳҳои шиъаҳову сунниҳо ва курдҳои Ироқ, Моликӣ барои давраи дуввум раҳбарии кобинаро бар ӯҳда мегирад. Иёд Аллавӣ, сарвазири собиқ ва раҳбари эътилофи Ироқия гуфт, чун бахши ин тавофуқ омода ҳаст раҳбарии Шӯрои стротежии миллиро бар дӯш бигирад.