Пулиси зиддишӯриши Белорус бо истифода аз калтакҳои резинӣ ҳазорон тазоҳургарро дар шаҳри Минск пароканда карданд, ки алайҳи натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ эътироз мекарданд. Онҳо мегӯянд, дар интихоботи рӯзи якшанбе, ки бар асоси назархоҳиҳо Александр Лукашенко, дар он пирӯз шуд, тақаллубкорӣ сурат гирифтааст. Ҳазорон тан аз тарафдорони мухолифин саъй карданд, то баъзе аз биноҳои муҳими давлатиро ишғол намоянд. Онҳо дару панҷараҳои бинои порлумони Белорусро шикастанд вале пулис монеъи вуруди онҳо ба бино шуд. Бар асари бархӯрди тазоҳургарон бо пулис даҳҳо нафар маҷрӯҳ шудаанд. Владимир Некляев, яке аз номзадҳои мухолифин ба мақоми раёсати ҷумҳур низ аз сараш захмӣ ва бемористон интиқол дода шуд. Кумиссиёни марказии интихоботи Белорус, 90 дар сади мардум раъй додаанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, ки ин кишварро аз соли 1994 то кунун идора мекунад, дар қудрат хоҳад монд.