Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Беларус

Раъйгирӣ барои интихоботи раиси ҷумҳури Беларус аз бомдоди имрӯз оғоз шуд. Александр Лукашенко, ки 16 соли ахир зимоми умури ин кишварро дар даст дорад, ҳамчунон хоҳони мондан бар сари қудрат аст.
Қудратҳои ғарбӣ ӯро муттаҳам мекунанд, ки бо тақаллуб дар интихобот ва фишори мухолифон, бар сари қудрат мондааст.

Шикоят аз нақзи муқаррароти интихобот

Рӯзи якшанбе дар ҳоле, ки райдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Беларус идома дошт, номзадҳои мухолифон аз нақзи муқаррароти интихоботӣ дар ин кишвар шикоят мекарданд. Иттиҳодияи Аврупо аз наздик бар ин интихобот назорат мекунад, то бо назардошти чигунагии баргузории интихобот тасмим бигирад, ки кӯмакҳои молии худро ба ин кишвар бифиристад ё хайр.


Бисёре аз таҳлилгарони сиёсӣ бар ин ақидаанд, ки баъд аз ин интихобот Александр Лукашенко ҳокимияти 16 солаи худро дар ин кишвар идома хоҳад дод. Дар баробари Лукашенко 9 номзади дигар мубориза мекунанд ва ҳамаи онҳо мисли номзадҳои интихоботи пешин дар созмондиҳӣ ва масоили интихоботӣ ба душворӣ рӯ ба рӯ шудаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, ин як падидаи маъмулӣ дар Беларус мебошад. Баъзе аз ин номзадҳо шикоят кардаанд, ки дар раъйдиҳӣ, муқаррароти интихоботӣ риоят нашудааст ва мақомоти интихоботӣ ба тақаллуб роҳ додаанд.

Мухолифин эътироз мекунанд

Бо назардошти чунин навоқиси интихоботӣ, ин номзадҳо аз ҷонибдорони худ хостаанд, ки баъд аз бастани ҳавзаҳои райдиҳӣ, дар соати 8-и шом ба вақти маҳаллӣ, дар майдони Октябри шаҳри Минск таҷаммӯъ намоянд. Андрей Санникау, ки замоне муовини вазири корҳои хориҷаи Беларус буд ва соли 1996 аз мақомаш истеъфо дод ва ба мухолифони Лукашенко пайваст, яке аз онҳост.

Ҷаноби Санникау мегӯяд: "Маълум аст, ки Комиссияи Интихоботӣ натиҷаҳои интихоботро ба нафъи Лукашенко эълон мекунад. Дар ҳар кишвари муттамаддин бо шумораи зиёди номзадҳо чунин интихобот ба таври автоматӣ ба даври дуввум кашонда мешавад. Агар онҳо ба мо бигӯянд, ки Лукашенко беш аз 50 дарсади оро ба даст овардааст, дар он сурат даври дуввуми интихобот баргузор намешавад. Ин бад-он маъност, ки натиҷаҳо дурӯғ ва тақаллубист. Мо бар зидди он эътироз мекунем".

Владимир Некляев-номзади дигар ва раиси ҷунбиши мухолифи "Говори Правду", ки интизор меравад, баъд аз Лукашенко мақоми дуввумро бигирад, рӯзи шанбе гуфт, ягона роҳи эътироз бар зидди тақаллуб дар интихобот, гирдиҳамоӣ дар майдони Октябри шаҳри Минск аст.

Номзади дигар Микалай Статкиевич ба радиои Озодӣ гуфт, вай дар интихобот раъй надодааст, зеро маъракаи қабл аз интихоботӣ озоду шаффоф набуд:

"Ононе, ки каме умед ба озодӣ, ба даври дуввуми интихобот доштанд, ман фикр мекунам, ки иштибоҳи бузург кардаанд. Мо роҳи дигаре надорем ба ҷуз ин, ки онҳоро ба сӯи демократия ҳидоят кунем. Ва дар ин кор танҳо як васила вуҷуд дорад ва он майдон аст".

Аммо хабарнигори бахши беларусии радиои Озодӣ мегӯяд, дар Минск ҳаво сард ва яхбандон аст ва эҳтимол дорад, ки дар майдони Октябр шумораи зиёди одамон ҷамъ нашаванд, то ин гирдиҳамоӣ муассир бошад.

Нармӣ дар муносибати Лукашенко бо Кремл

Иттиҳодияи Аврупо кӯшиш дорад ҳокимияти худкомаи Лукашенко нарм шавад, зеро чунин шеваи раҳбарӣ дурнамои кӯмакҳои молии ин иттиҳодия ба Беларусро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст. Интизор меравад, ки ин иттиҳодия дар Бруссел натиҷаҳои интихоботро аз 400 нозири интихоботӣ аз САҲА барои мутолеа дарёфт кунад. Ин нозирон дар саросари Беларус тақсим шудаанд. Онҳо рӯзи душанбе дар бораи наҳваи баргузории интихобот гузориш хоҳанд дод.

Аз сӯи дигар, чунин ба назар мерасад, ки Лукашенко муносиботи худро бо Русия-ҳомии худ ислоҳ кардааст. Солҳои ахир муносиботи вай бо Маскав хеле сард шуда буд. Вале Лукашенко дарзҳои ба вуҷуд омада дар муносиботро ҳафтаи гузашта дарбеҳ кард. Русия розӣ шуд, ки барои Беларус аз гирифтани пардохтҳои иловагӣ барои нафт сарфи назар кунад ва нархи фурӯши газро низ дар ҳамин сатҳ нигоҳ дорад.