Путин аз раҳбарии "Русияи Воҳид" канор меравад, чаро?

Владимир Путин-нахуствазири Русия аз раҳбарии ҳизби "Русияи Воҳид" дар нтихоботи порламонии соли оянда, ки ҳоло раёсаташро бар ӯҳда дорад, имтиноъ хоҳад ҷуст. Хабаргузории русии РИА Новости гуфтааст, Путин ин нуктаро дар мусоҳиба бо телевизиони давлатӣ изҳор доштааст. Интихоботи порламонии соли ояндаи Русия навъе омодагӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2012 дониста мешавад, ки ба эҳтимоли зиёд Путин мехоҳад ба Кохи Кремл баргардад. Путин ва Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури кунунӣ гуфтаанд, онҳо тасмим хоҳанд гирифт, ки аз ҳар ду кадоме дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия номзадии худро пешбарӣ кунад.