Боздошти 4 зан ба гумони узвият дар Ҷамоати таблиғ

Мақомоти Тоҷикистон ба тафтиши парвандаи чаҳор зан дар Қӯрғонтеппа пардохтаанд, ки бо иттиҳоми узвият ба гурӯҳҳои ифротгаро боздошт шудаанд. Маҳмадсаид Насимов, муовини додситони шаҳри Қӯрғонтеппа, гуфт, ин чаҳор зан ба пайравӣ аз “Ҷамоаи таблиғ” гумонбар шудаанд.
Ҷавонтарин боздоштшуда Шарофат Азизоваи 23-сол дорад ва бузургсолтарини онҳо Зебинисо Пирхонова 37-сола буда, ҳамагӣ сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Бохтари вилояти Хатлонанд.

Занон ҳам тундгаро мешаванд?

Муовини додситони шаҳри Қӯрғонтеппа афзуд, барои аввалин бор аст, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон занҳо бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ба истилоҳи мақомот, “тундгаро”, дастгир шудаанд.

Маҳмадсаид Насимов, муовини додситони шаҳри Қурғонтеппа
Ба гуфтаи ӯ, ҳамсарони занҳои номбурда дар гузашта ҷиноят содир кардаанд ва Кумитаи Амнияти Милии вилояти Хатлон алайҳи онҳо парванда боз карда буд.

Ҷаноби Насимов афзуд, аз манзили зисти занонҳои боздоштшуда ҳамчунин миқдоре адабиёти зоҳиран мазҳабӣ, аммо дар асл таблиғгари ифротгароӣ кашфу мусодира шудааст.

Вакилони мудофеъи ин занҳо аз шарҳи ҷузъиёти парвандаи афроди зерҳимояи худ, бо баҳонае, ки парванда ҳануз ба таври комил омӯхта нашудааст, худдорӣ карданд.

Боздошти ахири занҳо бо иттиҳоми ифротгароӣ вокунишҳоеро дар маҳфилҳои сиёсӣ ба бор овардааст.

Наргис Муродалиева, ҷомеашиноси тоҷик
"Сӯистифода аз нерӯи занҳо"

Наргис Муродалиева, ҷомеашиноси маҳаллӣ, бар ин назар аст, ки пешвоёни гурӯҳҳои ифротгаро бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта, ки идора кардани занон ба осонӣ даст медиҳад, аз онҳо сӯйистифода мекунанд.

“Намояндагони чунин гурӯҳҳои ифротгаро, ки фақат ба ҷалби одамон ба узвияти ин гурӯҳҳо сарукор мегиранд, ҳамаашон равоншиносони хуб ҳастанд. Онҳо хуб медонанд, ки занҳо табиатан садоқатсолор ҳастанд. Ана ҳамин хислати занро ба инобат гирифта, онҳоро таҳти контрол медароранд", - мегӯяд ӯ.

Хонум Муродалиева мегӯяд, гаравиши занон ба тундгароӣ ҳарчанд дар гузашта ба мушоҳида намерасид, дар ин авохир тадриҷан ба тамоюл табдил меёбад. Ӯ мегӯяд, "Занон, ки пурбардошт шудаанд ва одат кардаанд, кори сангини саҳроро ба иҷро расонанд ва бори рӯзгорро танҳо бикашанд, ба анҷоми амалҳои чашмрасе қодиранд".

Мллати гаравиши коршиносон, ҳукумат бояд аз ин нерӯи занон ба манфиати ҷомеа ва давлат истифода кунад ва нагузорад, то “косаи сабр”-и занони азиятдидаи тоҷик “лабрез” шавад.

Зарафо Раҳмонӣ, масъули ҲНИТ, бар ин назар аст, ки дахолати мақомот ба озодиҳои эътиқодии занон онҳоро ба ифротгароӣ таҳрик медиҳад
Чаро занон ба созмонҳои ифротӣ мегараванд?


Зарафо Раҳмонӣ, масъули Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон дар умури занон, мегӯяд, дар аксари маворид маҳз мудохилаи мақомоти давлат ба озодиҳои эътиқодии занон ва нодида гирифтани мушкилоти иҷтимоию маишии онҳо, занонро маъюс карда, шояд қисмате аз онҳоро ба гароиш ба созмонҳои ифротӣ таҳрик медиҳа.

Ӯ гуфт: “Зан он вақт ки аз ҳама чиз маҳрум шуд, касе ба додаш намерасад ва умеде ба ояндаи рӯшани худ надорад, аз ҷумла бо назардошти вазъияти мушкили иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, муҳоҷирати корӣ ва умуман, ҳамин озодиҳои эътиқодии занон, ки маҳдуд мешавад ва ҳуқуқҳояшон ба ҷойи ҳимоя шудан, поймол мешавад, дигар онҳо чорае надоранд ва бархе бинобар кӯтаҳдастӣ даст ба чунин рафторҳои ношоиста мезананд.”

Хонум Раҳмонӣ ҳамчунин ба он таъкид кард, ки дар ин авохир аз вилояти Хатлон хабарҳои сершуморе оид ба мавориди нақзи ҳуқуқи занон, аз ҷумла таъқиби духтароне, ки бо рӯсарӣ ба мактабҳо мераванд, ё занони сатрпӯш дар бозори марказии Қӯрғонтеппа ва мисоли ин, ба гӯш мерасад. Ба бовари таҳлилгарон, агар таъқиби шаҳрвандон барои озодии эътиқодашон идома пайдо кунад ва агар ба арзу доди онҳо расидагӣ нашавад, ҷилавгирӣ аз гароиши одамон ба созмонҳои ба истилоҳ, “тундгаро” мушкил хоҳад буд.

Аз нодорӣ ва нодонӣ рӯ ба тундгароӣ

Ва аммо мақомот сабаби гароиши занони хатлонӣ ба созмонҳои экстремистиро дар содагии табиӣ, сатҳи пасти донишҳои сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии онҳо мебинанд.

Маҳмадсаид Насимов, муовини додситони шаҳри Қӯрғонтеппа, дар ин бора мегӯяд, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бисёр маврид, пеш аз ҳама одамони сатҳи зиндагиашон аз ҷиҳати иқтисодӣ паст ба чунин ҳаракатҳои иртиҷоӣ шомил мешаванд.

Ӯ гуфт: "Аммо дар мисоли ин занҳо, хулосаи мо ин аст, ки онҳо шояд саводи кофӣ надоштанд, қобилияти таҳлилу таҳқиқи пурраи ҳамин гурӯҳҳои тундрав ва барномаҳои онҳоро надоранд, шояд то охир дарк намекарданд, ки ин созмонҳо ба амнияти кишвар хатар доранд. Аммо, тавре мегӯянд, "надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад”.

Муовини додситони Қӯрғонтеппа афзуд, агар ҳам барои якумин бор чаҳор зан бо иттиҳоми узвият дар созмони “Ҷамоаи таблиғ” боздошт шудаанд, дар соли ҷорӣ ин нахустин мавриди парвандакушоӣ алайҳи пайравони ин равияи расман мамнӯъ набудааст.

Фаъолияти созмонҳои мамнуъ дар Хатлон

Бо шумули ин чаҳор зан, имсол дар Хатлон дасти кам 45 сокини маҳаллӣ бо иттиҳоми узвият дар “Ҷамоаи таблиғ” ба муҷозот кашида шудаанд. Яке аз парвандаҳои пурсарусадои сол ҳам маҳкумияти якбора 36 нафар ба гумони паравӣ аз ин созмон дар додгоҳи вилояти Хатлон буд, ки афроди муттаҳам барои аз 3 то 12 сол равонаи зиндон гардиданд.

«Ҷамоати таблиғ» бо даъвои Додситонии кулли Тоҷикистон ва ҳалномаи Додгоҳи Олии кишвар аз 30 марти соли 2006, дар баробари созмонҳои дигар, аз қабили «Ал-Қоида», «Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳаракати Исломии Узбакистон», «Ҳаракати Толибон», «Ҷамъияти исломии Покистон», «Тоҷикистони озод» ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ унвон шуда, фаъолияти ин созмонҳо дар қаламрави Тоҷикистон манъ гардидааст.

Додситонии Хатлон мегӯяд, пайравони «Ҷамоаи таблиғ» асосан дар шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Сарбанд, Шаҳритус, Бохтар, Қубодиён, Румӣ, Хуросон, Панҷ, Мӯъминободу Восеъ ва ҳамчунин дар қаламрави Русия низ фаъолият мекардаанд.