Хабаргузории "Азия Плюс" иттилоъ додааст, ки Хадамоти давлатии кашфи молии Қирғизистон ва Раёсати назорати молии Бонки миллиии Тоҷикистон дар Маскав дар бораи муборизаи муштарак бо терроризми молӣ ва шустушӯи пул аз роҳҳои ҷиноӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо кардаанд. Ин санад дар ҳошияи ҷаласаи 13-ӯми гурӯҳи АвруОсиё барои мубориза бо қонунӣ кардани пулҳои аз роҳи ҷиноӣ ба даст омада ва мубориза бо таъмини молии терроризм имзо шуд.