ИРНО-хабаргузории расмии Эрон мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаи як бамгузори интиҳорӣ дар наздикии масҷиди Имом Ҳусейн дар шаҳраки Чоҳбаҳори устони Систон-Балуҷистон даҳҳо нафар кушта ва маҷруҳ шудаанд. Ин шаҳрак дар наздикии марз бо Покистон қарор дорад. Зоироне, ки дар рӯзи Ашӯро ба зиёрат омадад буданд, ҳадафи ин бамгузорӣ қарор доштанд. 10 рӯз барои даргузашти имом Ҳусейн маросимҳои ёдбуд баргузор мекунанд.