Додситонии ноҳияи Ашт мегӯяд, Муҳаммадюсуф Исмоилов - хабарнигори нашрияи “Нури зиндагӣ” бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ боздошт шуда, ҳамчунин аз рӯи се банди дигари Қонуни ҷиноии Тоҷикистон айбдор мешавад.
Тафтишоти парвандаро додситонии ноҳияи мазкур пеш мебарад. Як манбаъи наздик ба тафтишоти ин парванда, ки нахост номаш бурда шавад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин бора афзуд: «Вай асосан барои “тамаъҷӯӣ”, аз рӯи банди 250 боздошт шуд. Аммо ғайр аз ин барои содир кардани ҷиноятҳои дигар, барангезиши кинаю адовати миллию мазҳабӣ ва маҳалгароӣ, паст задани шаъну шарафи инсон, таҳқир ва тӯҳмат аз тариқи васоити ахбори умум айбдор дониста мешавад. Мутобиқи чаҳор банди асноди ҷиноии Тоҷикистон.»
Ба гуфтаи ин манбаъ, додситонии Ашт парвандаро дар пайи шикояти чанд нафар сокини маҳаллӣ боз кардааст. Аммо вай бо далели ин, ки тафтиши қазия ҷараён дорад, нахост ҷузъиёти бештари эълони иттиҳоми “тамаъҷӯӣ” ба хабарнигори “Нури зиндагӣ” – ро ошкор кунад.
Интиқоди рӯзноманигор аз раиси ноҳия
Вай дар посух ба ин суол, ки боздошти хабарнигори “Нури зиндагӣ” то куҷо ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ ва нашри мақолаҳои танқидиаш рабт дорад, гуфт: “Ин нодуруст аст. Аммо Исмоилов дар ду-се мақолаи худ надониставу насанҷида навиштааст, ки гӯё сокинон аз дасти раиси ноҳия ба дод омадаанд ва шахсияти баъзе аз мақомоти маҳаллиро таҳқир карда, шаъну шарафи онҳоро паст задааст. Парванда инҳоро ҳам дарбар мегирад.”
Додситонии ноҳияи Ашт мегӯяд, рӯзноманигор Муҳаммадюсуф Исмоилов ду ҳафта пеш боздошт гардид ва дар боздоштгоҳи ноҳияи Ашт нигаҳ дошта мешуд. Аммо чанд рӯз қабл ба боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд интиқол дода шудааст. Дар ҳоли ҳозир аз чигунагии аҳволи ӯ дар боздошт хабаре дастрас нест. Аммо бархе аз наздиконаш гуфтаанд, рӯзҳои аввали боздошт имкони вохӯрӣ надоштанд.
Вокунишҳо ба боздошти хабарнигор
Боздошти хабарнигор Муҳаммадюсуф Исмоилов боиси баланд шудани сару садоҳо дар маҳофили рӯзноманигорӣ ва расонаии Тоҷикистон шудааст. Ин барои бори нахуст дар чанд соли ахир як рӯзноманигор дар шимоли Тоҷикистон дар пайи нашри матолиби танқидӣ мавриди боздошт қарор мегирад.
Нуридин Қаршибоев – раҳбари анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, як банди асосии иттиҳом алайҳи рӯзноманигори “Нури зиндагӣ”, яъне туҳмат аз тариқи васоити ахбори умум, мутобиқи банди 135 – и Асноди ҷиноии Тоҷикистон ба фаъолияти касбии ӯ рабт мегирад ва анҷумани мазкур тасмим гирифт ба ӯ ёрии ҳуқуқӣ расонад.
Вай афзуд: “Гуфта метавонем, ки дар мақолаҳои “Қотили Наргис кист?” ва “Ашт валангор мешавад”-и Муҳаммадюсуф раҳбарияти ноҳия, додситони собиқ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танқид шудааст ва ин танқид боз шудани парвандаи ҷиноиро нисбати вай дар пай доштааст. ”
Ҷаноби Қаршибоев афзуд, то охири ҳафтаи равон натиҷаи пажуҳиши анҷумани милии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Нансмит эълон хоҳад шуд.
Хатари 10 соли зиндон ба Исмоилов
Иттиҳомоти алайҳи рӯзноманигори “Нури зиндагӣ” дар сурати собит шудан дар додгоҳ ҳадди ақал аз 120 соат кори маҷбурӣ то 10 соли зиндон пешбинӣ мекунад.
То ин замон дифоъи Муҳаммадюсуф Исмоиловро ду вакили дифоъи пешбаригашта аз ҷониби тафтишот бар уҳда доштанд, аммо ахиран ин ваколатро Муҳаббат Ҷӯраева – вакили мудофеъ аз Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон бар дӯш гирифтааст. Хонум Ҷӯраева дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нав ба омузиши парванда оғоз карда, ҳанӯз бо зерҳимояи худ дидор надоштааст.