Даъват аз Медведев барои қатъи таъқиби Ходорковский

Гурӯҳи ходимони сиёсӣ ва ҷамъиятии ғарбӣ аз раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев даъват карданд, ки ба таъқиби Михаил Ходорковский хотима гузорад. Зери номаи саркушода, ки дар рӯзномаи бритониёвии Financial Times нашр шудааст, аз ҷумла, раҳбарони пешини идораҳои сиёсати берунаи Бритониё ва Фаронса Малкoлм Рифкинд, Дэвид Милибэнд ва Бернар Кушнер имзо гузоштаанд.
Муаллифон бо ишора ба таъқиби Михаил Ходорковский ва Платон Лебедев адолати додгоҳӣ дар Русияро зери суол бурданд.