Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба хушунат алайҳи кормандони милиса дар ҷараёни бенизомиҳо дар майдони Манежи шаҳри Маскав парвандаи ҷиноӣ боз кард. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи тафтишот Владимир Маркин хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар бенизомиҳои рӯзи 11 декабр панҷ корманди милиса ҷароҳат бардоштаанд.
Рӯзи шанбе тақрибан 5 ҳазор мухлисони футбол ва нажодпарастони рус дар маркази Маскав дар робита ба ҳалокати як мухлиси футбол дар низоъе бо қафқозиҳо тазоҳурот карданд, ки баъдан ба бархӯрд бо кормандони ОМОН печид. Дар ин ҳодиса тақрибан 30 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Ахиран Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, хостори муҷозоти созмондиҳандагони бенизомиҳо дар майдони Манеж шуд.