Рабудани занони узбактабор дар шаҳри Ӯш

Дар давоми як моҳи ахир дар шаҳри Ӯш чаҳор зани ҷавони узбакро афроди номаълум дар маҳаллаи узбакнишини шаҳр рабудаанд ва баъд аз се ё чаҳор рӯз онҳоро дар қисматҳои мухталифи шаҳр дар кӯча раҳо кардаанд.
Дар бораи ин ҳодисаи мармуз ва одамрабоён то ҳол мақомоти Қирғизистон ба таври расмӣ изҳороте пахш накардаанд. Сокинони маҳаллаи узбакнишини шаҳри Ӯш низ дар нахустин ҳодисаҳо хамӯширо дар ин бора бартар шуморидаанд, то ифшои ҳодиса хонаводаи онҳоро доғдор накунад. Вале чун одамрабоӣ идома ёфтааст, онҳо маҷбур шуданд аз ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ кӯмак хоҳанд.

Дар ин мавзӯъ Радиои Озодӣ бо Гуласал Камолова, хабарнигори бахши узбакии радиои Озодӣ дар шаҳри Ӯш, як сӯҳбат анҷом дод. Хонум Гуласал гуфт: «Бино ба маълумоти ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ, дар давоми як моҳи ахир чаҳор ҳодисаи рабудани занони узбактабор рух додааст. Ин занҳоро дар маҳаллаи узбакнишин дар назди манзилҳои онҳо рабудаанд. Баъд аз чанд шабонарӯз, маъмулан дар рӯзи панҷум ин рабудашудагон дар қисматҳои дурафтодаи шаҳри Ӯш ё дар ягон ноҳияи дигари вилояти Ӯш пайдо шудаанд. Дар ҳамаи ин мавориди рухдода занонро шаллоқ задаанд. Ҳангоми рабудан онҳоро беҳуш кардаанд. Ба гуфтаи худи занҳо, ба пешонаи онҳо чизеро гузошта, онҳоро беҳуш кардаанд ва рабудаанд. Бино ба нишондодҳо, дар ҳамаи ин ҳодисаҳо як зан афроди рабудашударо сахт лату кӯб мекардааст ва бо ӯ ду марди дигар ҳам будаанд. Ба номуси баъзе аз ин занҳо таҷовуз кардаанд ва ба баъзеаш на".

Суол: -Мақомоти интизомии ин минтақа ба ин гуна ҳодисаҳо чӣ гуна вокуниш нишон медиҳанд?

Гуласал: -Бори аввал вақте, ки як духтар аз кӯчаи 8-уми марти шаҳри Ӯш бедарак шуд, вай 18-сола аст ва се моҳ пеш шавҳар карда буд, хешовандонаш ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ занг заданд ва кӯмак хостанд. Онҳо омаданд, хешовандонашро бозпурсӣ карданд, маълумот ҷамъ оварданд ва вонамуд карданд, ки ҷавонзани гумшударо ҷустуҷӯ мекунанд. Вале то ҳол ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳеҷ як аз ин гумшудагонро дар вақти бедарак будани онҳо пайдо накардаанд. Баъд аз он, ки ин занҳоро дар кӯча раҳо мекунанд, онҳо ё ба хешовандонашон занг мезананд ё худашон ба хонаи падару модарашон ё ба хонаи шавҳари худ меоянд. То ҳол кормадони ҳифзи ҳуқуқ онҳоро пайдо накардаанд.

Суол: -Ҳодисаи ахир кай рух додааст?

Гуласал: -Қурбонии ахир як духтари 16-сола Ирода Зулунова аст, ки субҳи 9-уми декабр аз назди хонааш бедарак шуд. Ҳоло вай бо гузашти тақрибан чаҳор шабонарӯз 12-уми декабр пайдо шудааст. Вайро ҳам дар кӯча партофтаанд. Ҳоло вай дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор дорад. Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, ки агар ҳоло вай ба пулис наояд ва нишондод надиҳад, парвандаашро мебанданд. Онҳо мехоҳанд парвандаҳоро зуд бибанданд. Ман дар ин бора бо Замир Содиқов, масъули дафтари матбуотии раёсати корҳои дохила дар Ӯш сӯҳбат кардам. Вай дар нахустин сӯҳбат ба ман гуфт, ки ин гуна қурбониён дар миёни занҳои қирғиз низ ҳастанд. Ман аз вай хостам, ки аз намунае ном бибарад. Вай гуфт, ки чунин мисолҳо ҳастанд, вале ном набурд. Баъд аз ҳодисаи охир падару модари духтар ба намояндаи раиси ҷумҳур дар ҷануб муроҷиат кардаанд. Баъд аз муроҷиати онҳо ин ҳодиса сабти ном шуд. Вале ҳодисаҳои гузашта сабт нашудааст.

Суол: -Дар ин бора гурӯҳҳои ҳифзи ҳуқуқ чӣ мегӯянд?

Гуласал: -Ман медонам, ки аз ин ҳодиса Азиза Абдурасулова -ҳомии ҳуқуқи қирғиз огаҳӣ дорад. Вай мехоҳад, ки аз роҳи ҳуқуқӣ кӯмак кунад, барои ҷабрдидаи ахир вакили мудофеъ пайдо кунад. Аз ин ҳодисаҳо ба ҷуз аз худи мардуми узбак дигарон камтар медонанд. Маълум аст, ки баъд аз рабудани зан ё духтар билофосила ин фикр ба сар меояд, ки ба номуси вай таҷовуз кардаанд. Вале дар ҳар чаҳор ҳолат занҳоро сахт лату кӯб кардаанд ва маълумоте вуҷуд надорад, ки ба номуси ҳамаи ин чаҳор нафар таҷовуз кардаанд.