Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, ваъда дод, ки миллатгароён ва мухлисони футболро, ки рӯзи шанбе дар Маскав харобкориву бедодгарӣ карданд, танбеҳ хоҳад дод. Дмитрий Медведев бо нашри номае дар вебсайти Твиттер навиштааст, ҳамаи онҳо подоши корашонро хоҳанд гирифт. Рӯзи шанбе бештар аз 5 ҳазор мухлиси футбол ва миллатгароёни рус бо сар додани шиорҳои нажодпарастона бо маъмурони пулис дар наздикии кохи Кремл бархӯрд карданд. Пулис 50 нафари онҳоро боздошт кард. Владимир Колокотсев, сардори пулиси Маскав ваъда дод, ки чунин расвоиро дар оянда таҳаммул нахоҳанд кард: "Мо оромона ва муносиб рафтор кардем, вале ин маънии онро надорад, ки кормандони милиса дар оянда дар ба ин гуна расвоиҳо аз пушти панҷа нигоҳ хоҳанд кард."