Навиштаҳои дипломатҳои Амрико доир ба ҳукумати Ӯзбакистон

Дар номаҳои дипломатҳои Амрико, ки вебсайти Викиликс нашр кард, аз вусъати фасодкорӣ дар Ӯзбакистон ва иртиботи ҳукумати он бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ибрози нигаронӣ шудааст. Нашрияи "Гордиан" менависад, дар як нома аз соли гузашта омадааст, баъди онки Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, ба як фаъоли ҳуқуқи инсони ӯзбак ҷоиза тақдим кард, Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Ӯзбакистон таҳдид кардааст, ки ҳамкориро бо Амрико дар амри интиқоли муҳимот ба Афғонистон қатъ мекунад. Дар номаҳои дигари дипломатҳои Амрико аз Ӯзбакистон, доир ба “иртиботи наздики гурӯҳҳои ҷиноии муташаккил бо ҳукумати Ӯзбакистон” навиштаанд ва ҳам доир ба он ки Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримов саъй мекунад, то тиҷоратҳои фоидаоварро зери даст бигирад.