Чаҳор нафар сокини ноҳияи Мурғоб ба убури ғайриқонунии марз ва рабудани 85 сар моли майда аз Чин муттаҳам мешаванд. Ба гуфтаи шуъбаи корҳои дохилии ин ноҳия, бо дархости мақомоти марзбонии Чин нисбати айбдоршавандаҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Асилбек Боронбаев, муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии Мурғоб, изҳор дошт, ки парвандаии ҷиноии ин афрод бо ҷурми нигаҳдории ғайриқонунии силоҳи оташфишон, убури марзи давлатӣ ва ғоратгарӣ ба додгоҳи ноҳияи Мурғоб ирсол шудааст.
Айбдоршавандаҳо ҳамагӣ сокинони маҳалли наздимарзии Кош–Ағили ноҳия мебошанд. Ба гуфтаи Асилбек Боронбаев, марзшиканон моли шаҳрвандони Чинро, ки дар айлоқи назди марз чаро мекард, дуздида ба маҳаллашон баргаштаанд, аммо убури хати марз бо мол аз чашми марзбонони ҳар ду тараф пинҳон мондааст. Ӯ гуфт, ки марзбонони чинӣ дар бораи ин ҳодиса аз чупонони маҳаллӣ хабар ёфтаанд.
Боздошти молдуздон
Муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии Мурғоб мегӯяд, дар натиҷаи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷуӣ онҳо се нафар аз сокинони маҳаллиро боздошт кардаанд, ки дар марзшиканӣ ва молрабоӣ ширкат варзидаанд. Дар манзили яке аз онҳо яроқи оташфишон пайдо шудааст.
Муфаттиш гуфт, аммо нафари чоруми ин гурӯҳ ба Қирғизистон фирор намудааст ва ҳоло таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорад: «Шаҳрвандон Абдуқадиров Ҷайибқул, Абдураҳмонов Иқболбек ва Абдусаматов Медербек боздошт шуда, Мирзоғаниев Ақжолбек таҳти пайгард қарор дорад».
Мақомоти дохилаи ноҳия мегӯяд, ки то ба ҳол 45 сар гуспанд ба соҳибони чиниашон баргардонда шуда, зарари боқимонда дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ҷуброн мешавад.
Марз бо симхорҳои канда
Тоҷикистон бо Чин дар минтақаи Мурғоб бештар аз 512 километр марзи муштарак дорад. Ба қавли сокинони Мурғоб, душвории назорати хатти марз боис гирдидааст, ки симхори аз марзбонони рус ба мерос монда, дар бисёр ҷойҳо канда шудааст ва дар бархе аз маворид чупонҳо ҳам ба хотири ҷустуҷӯи чарогоҳи сералаф иҷборан ва аз рӯи одат марзшиканӣ мекунанд. Сокинон мегӯянд, ки аммо барои нахустин бор аст, ки ҳодисаи дуздии чорво дар марзи байни Тоҷикистону Чин ба вуқуъ мепайвандад.
Чанд сол қабл ду нафар шаҳрванди чинӣ, барои убури ғайриқонунии марзи байни Тоҷикистону Чин ба муддати ду сол зиндонӣ шуданд. Атбоъи чинӣ гуфтанд, ки онҳо тасодуфан раҳгум зада, ба тарафи Тоҷикистон гузаштаанд.
Муфаттиши шӯъбаи корҳои дохила гуфт, ки аммо азбаски атбои тоҷикистонӣ аъмоли ҷиноиро бо маслиҳати пешакӣ анҷом дода, аз манзили як нафарашон яроқи оташфишон ёфт шудааст, онҳоро муҷозоти санггинтаре интизор аст.