Имрӯз раҳбарони Туркманистон, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон дар як нишаст дар шаҳри Ашқобод тарҳи бунёди лӯлаи интиқоли газро тасдиқ мекунанд. Қимати бунёди лӯлаи газ, ки маводи сӯхтҳро тавассути қаламрави Афғонистону Покистон ба Ҳиндустон интиқол медиҳад, ҳафту ним миллиард доллар ҳисоб шудааст. Қарор аст, ки бунёди лӯлаи газ то соли 2014 анҷом ёбад ва аммо ҳадс зада мешавад, ки шояд бар асари нооромиҳо дар Афғонистону Покистон мӯҳлати анҷоми корҳо ба таъхир уфтад.
Туркманистон аз рӯи захоири гази табиӣ дар ҷаҳон дар мақоми чорум ҷойгир аст.
Туркманистон аз рӯи захоири гази табиӣ дар ҷаҳон дар мақоми чорум ҷойгир аст.