Дар маҳалли Зугвади ноҳияи Ишкошим як сарбози қисми марзбонӣ ғарқ шудааст. Ба иттилоъи муовини сардори шӯъбаи раёсати корҳои дохилаи Бадахшон Бандалӣ Бандалиев, сарбози ғарқшуда дар рӯди Панҷ, бо худ яроқи хидматӣ доштааст.
Вай баён дошт, ки ҷасади сарбозро сокинони маҳаллӣ ва марзбонон аз об пайдо намуданд, аммо милтиқи худкори Калашников, ҳанӯз ёфт нашудааст.
Додситони ҳарбии гарнизони Хоруғ Фармон Шарифов изҳор дошт, ки ҳодисаи ба об рафтани сарбоз дар ҳоле рух додааст, ки сарбоз бо чанд тан аз ҳамхизматонаш вазифаи назорати марзро иҷро мекарданд. Ба гуфтаи додситон, бо вуқӯъи ҳодиса ва имдод хостани ҳамроҳони сарбози ғарқшуда, ки ҳамагӣ шомили гурӯҳи назорати марзӣ буданд, сокинони хонаҳои наздик ба кӯмак шитофтанд.
Додситон зикр кард, ки қавли ҳамхизматони сарбоз, ки мегӯянд, сарбоз ба қасди нӯшидани об ба соҳил фаромада ба об рафт, фарзияи ягона дар парванда намебошад.
Ба гуфтаи додситон, пас аз таҳқиқи бештари ҳодиса эҳтимол меравад, он аз рӯи моддаи хунукназарӣ, сӯистифода аз вазифаи хидматӣ ва ё ҳолатҳои дигар банду баст шавад.
Додситони ҳарбӣ афзуд, ки яроқи сарбози ғарқшуда пайдо нашудааст, зеро ҷойи ғарқшавии сарбоз тезоб буда, регу сангреза дар дақиқаҳои аввал ашёи ба об афтодаро нопадид мекунад.