2 рӯзноманигори узбакро дар Тошканд аз кор ронданд

Ахиран телевизиони "Ёшлар"-и Убекистон хабар дод, ки ду рӯзноманигори ин ҷумҳурӣ Саодат Амонова ва Малоҳат Эшонқулова аз кор ронда шудаанд. Онҳо 6-уми декабр ба хиёбони марказии Тошканд баромаданд ва бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ, сензура дар матбуот эътироз карданд. Онҳо талаб карданд, ки раиси телевизион ва муовини нахуствазир, ки бо якдигар хешу табор ҳастанд ва миллионҳо доллар пулро аз они худ кардаанд, бояд истеъфо диҳанд. 9-уми декабр дар телевизион ҷаласаи вижа баргузор шуд ва онҳо барои тазоҳуроти ғайриқонунӣ ва барои туҳмат ба роҳбарият муттаҳам карда шуданд. Онҳо аз моҳи август ба ин су бар зидди ришвахорӣ ва сензура ва хешутаборбозӣ мубориза мебаранд.