Дар як номаи дигари электронӣ, ки WikiLeaks чоп кардааст, гуфта мешавад, ки дар соли 2008 Сербистон аз маҳали буду боши Радко Младич-генерали фирории муттаҳам ба қатли ом огаҳ буд. Ин номаро рӯзномаи "The New York Times" низ чоп кардааст ва дар он гуфта мешавад, ки Рамон Абароа-дипломати Испания иддао кардааст, ки дар соли 2008 Сербистон хеле хуб медонист, ки Младич дар куҷост. Аммо Борис Тадич-раиси ҷумҳури Сербистон ин иддаоро рад кардааст. Маълум нест, ки Абароа ин иддаои худро кай матраҳ кардааст, дар даврони Войислав Каштунитса-нахуствазири миллатгаро ё баъд аз бохти вай дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ. Каштунитса ин интихоботро ба Тадичи аврупогаро бохта буд.