Коҳиши фасоду ришват дар Гурҷистон

Мудири барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Созмони Шаффофияти Байнулмилал Миклош Маршал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар байни кишварҳои Шӯравии пешин танҳо дар Гурҷистон пешрафте ба назар мерасад:

"Санҷиши назари шаҳрвандони одии Гурҷистон беҳбуди вазъро нишон медиҳад. Мумкин ин нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат ришвагирии хурд, фасоди хурд дар Гурҷистон ба шарофати бархе аз ислоҳот ва беҳбуди ҳукуматдорӣ коҳиш ёфтааст."

Созмони Шаффофияти Байнулмилал мегӯяд, аз ҳар чаҳорумин нафар дар ҷаҳон дар соли гузашта ришва додааст. Марказ ва Шимоли Африқо, Ховари Миёна ва қаламрави Шӯравии пешин аз минтақаҳое будаанд, ки бештари ришваистонӣ ва ришвадиҳӣ дар ин ҷо ба вуқӯъ пайвастааст.