Ҳар чаҳорумин нафар дар ҷаҳон ришва додааст

Созмони Шаффофияти Байнулмилал мегӯяд, аз ҳар чаҳорумин нафар дар ҷаҳон дар соли гузашта ришва додааст. Марказ ва Шимоли Африқо, Ховари Миёна ва қаламрави Шӯравии пешин аз минтақаҳое будаанд, ки бештари ришваситонӣ ва ришвадиҳӣ дар ин ҷо ба вуқӯъ пайвастааст. Дар ҳоле ки 32 дарсади пурсидашудагон дар ҷамоҳири шӯравии собиқ мегӯянд, бе пора корашон буд намешавад, чунин посух дар Балкан ва Туркия азх 19 дарсад ва дар Иттиҳоди Аврупову Амрикои Шимолӣ аз 5 дарсад шунида шудааст.