Иттиҳодияи Аврупо аз Сербистон, ки мудаъии пайвастан ба узвияти ин созмон аст, интиқод кард ва гуфт, Сербистон ба 18 кишваре ҳамроҳ шудааст, ки маросими эътои ҷоизаҳои Сулҳи Нобелро байкот кардаанд. Вук Йеремик-вазири корҳои хориҷаи Сербистон гуфт, кишвараш намояндаи худро ба маросими супурдани ҷоизаи сулҳ ба Лию Сиабао-норозии сиёсии Чин дар осло нахоҳад фиристод. Қарор аст ин маросим рӯзи ҷумъа баргузор шавад.