Ҳакерҳо сомонаи ширкати Мастер Кардро хароб карданд

Ҳакерҳо ба сомонаи интернетии Мастер Кард ҳамла бурданд ва онро хароб карданд. Сабаб ин будааст, ки Мастер Кард кӯмакҳои онҳоро ба Wikileaks масдуд кардааст ва онҳо бад-ин тариқ аз Мастер Кард қасосгирӣ кардаанд. Вале Ҷеймс Иссоксон-сухангӯи Мастер Кард гуфтааст, ширкати онҳо фикр намекунад, ки дар ин кор Wikileaks даст дошта бошад. Бонки почтаи Шветсия, низ таъйид кард, ки сомонаи интернетии онҳо низ мавриди ҳамла қарор гирифтааст, зеро ин бонк ҳисоби бонкии Ҷулиан Ассенҷ-муассиси сомонаи Wikileaks-ро ду рӯзи пеш баста буд.