Кормандони бонкҳо ва сарраёсати молияи Бадахшон дар саҳнаи театри мусиқи мазҳакавии Хоруғ маҳорати созандагӣ, навозандаги ва рақсиданашонро ба намоиш гузоштанд. Мухлисон барномаро хуш пазируфтанд.
Аммо бархе аз мизоҷони бонкҳо бо шикоят аз бӯҳрони молиявӣ ва фоизи баланди қарзии ин муассисаҳо, ки мунҷар ба муфлисшавии ҳар чи бештари мизоҷон шудааст, покӯбиву дастафшонии кормандони бонкро дар саҳна ба мақоли «гур сӯзаду дег ҷӯшад» баробар медонанд.
Серро чи парвои гурусна?
Ба гуфтаи Оламгул, барои вай барин мизоҷони бонкҳо, ки ҷиҳати қарздорӣ дар назди бонк бар асари поинравии қобилияти харидории мардум ва фоизи баланди қарз, хафви аз даст додани манзили гарав таҳдид мекунад, садои рубобу доира ва кафча задани кормандони бонк чун тамасхур ва исеҳзо ба гӯш мерасад.
Аммо ба бовари муовини раиси вилоят Азизмамад Гиёев, барои бонкҳо вазъи бӯҳрони паси сар шудааст ва вақти шодмониву хурсанди фаро расидааст. Вай гуфт, қарзҳои бонкӣ назар ба соли гузашта 50 дар сад афзоиш ёфта, ба 71 миллиони сомонӣ расиданд. Маблағи интиқолдодаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз оғози сол то ба ҳол 30 миллион доллар ва дар қиёс бо соли гузашта 20 дар сад зиёд шудаанд.
Овозхонҳои ҷавон Ҳанифа ва Замир барои нахустин бор суруди дукаса хонданд, ва мегӯянд, ки аллакай аз ёру дӯстон барои ширкат дар маъракаҳои хурсандиашон даъватнома гирифтанд.
"Шумурдани пулҳои шараққосӣ кайфияти дигаре дорад"
Ба тамошобинон саҳначаи ҳаҷвии «Дандонпизишк» -пешкаш гардид. Аз ирокунандаи нақши асосӣ Шакар Ақдодов пурсидам, дар ҳоле, ки муносибати бонкҳо бо мизоҷон худ мавзӯи хубе барои танз аст, чаро аммо онҳо ба дандонпизишкон часпиданд? Ба гуфтаи Шакар ба мисле, ки «ангур аз ангур ранг мегираду ҳамсоя аз ҳамсоя панд» вай бовар дорад, ки хусусияти тарбиявии намоишнома ба афкори кормандони кулли муассисаҳо ва мухлисон бетаъсир намемонад.
Аммо як нафар корманди бонк, ки нахост номаш зикр шавад, баён кард, ки
шумурдани пулҳои шараққосӣ кайфияти дигаре дошта, ҳеҷ гуна садои суруду мусиқӣ ба он баробар шуда наметавонад, вале баргузории барномаи фарҳангиро мақомот иҷборан ба гардани муассисот бор кардаанд.
Бадахшон гулҳои худрӯйро кашф мекунад
Қаблан дар саҳнаи театр милисаҳо, ҳамшираҳои шафқат, алоқачиён ва кишоварзон ҳунарнамоӣ карданд. Ба иттилои сардори идораи фарҳанги шаҳри Хоруғ Маҳингул Додихудоева, дар озмуни вилоятии «Гулҳои худруй» кормандони зиёда аз 14 идораву муассисот ширкат меварзанд. Ҳадафи озмун кашфи истеъдодҳо ва эҳёи ҳунарҳои мардуми унвон шуд.
Дар озмун аллакай «ситораҳо» аз худ дарак доданд. Номабари идораи «Почтаи Тоҷик» Дилафрӯз Содиқова яке аз истеъдодҳои худрӯй аст, ки бо сурудҳои халқӣ саҳнаро тасхир кард ва ҳаводорони зиёд пайдо намуд.
Ба гуфтаи мутахассиси идораи фарҳанги вилоят ва сардори ансамбли «»Навои Бадахшон» Анвар Назиров, театр ба ин ҳунарманди ҷавон ҷойи кор пешниҳод кард, аммо бинобар маоши кам дар муассисаи фарҳангӣ, таклифашон рад шудааст.
Озмуни «Гулҳои худруй» ҳамчунин барои ҷалби мухлисон ба театр кӯмак кардааст. Агрчанде барои бархе аз мухлисон ширкат дар озмун иҷборӣ будааст, аммо бештарашон мегӯянд, ки онҳо бо мароқ ва завқ ба театр омаданд, то бубинанд, ки афроди шиносашон чи тавр ҳунарнамоӣ мекунанд ва аз суруду мусиқии зинда ҳаловат бурдаанд.
Ба гуфтаи яке аз мизоҷон, вай кормандони бонкрро дар ҷойи корашон бештари вақт тунд, дурушт, қавоқгирифта, ҷиддӣ ва бидуни табассум дар лабон дарёфтааст, аммо маҳфили гарми фарҳанги тасаввуроташро дар бораи ин афрод дигар кардааст. Аммо мутахасиси бонк Савриноз Занҷирбекова баён дошт, ки вай бо ҳисси нобоварӣ ба саҳна қадам гузошт, вале аз ҳаёҳу ва кафкубии мухлисон илҳом гирифта, озод чарх мезад.