Инсон аз азал фармонбардори ҳукми сарнавишт будааст. Зиндагӣ агар барои иддае бо шодиву сурур бигзарад, барои қисме бе рангу бӯ ҷилва мекунад. Вале дар асл, инсон офарандаи сарнавишти хеш аст ва ин ҳама таззодҳои зиндагӣ ба худи ӯ бастагӣ доранд... Ва хушбахт ё шӯрбахт шуданаш низ то ҷое ба ӯ вобаста аст. Бо ташаккур аз сомонаи Озодӣ, ки чунин имконеро фароҳам кардааст, ман ин ҷо қиссаи рустоидухтареро бароятон манзур мекунам. Қиссае аз зиндагӣ ва сабр.
Марҳабо, духтари рустоии Суғдӣ, баъд аз итмоми дабистон бо Баҳром, як ҷавони меҳнатдӯст ва бомаърифат издивоҷ карда, вориди ба истилоҳи "зиндагии мустақилона" гардид.
Баҳром дар мактабҳои деҳа ба ҳайси омӯзгор фаолият дошт, гарчанде музди корияш баҳри таъмини оила нокифоя буд.
Аз баски ҳаёти аксари мардуми деҳот аз чиҳати моддӣ он қадар хуб нест, мардуми меҳнатдӯст маҷбуранд барои дарёфти қути лоямут ба кишварҳои дигари олам баҳри дарёфти ризқ ҳиҷрат мекунанд. Сатҳи зиндагии оилаи Баҳром низ хеле вазнин гашт ва ӯро водор намуд, то асбоби сафарашро омода намояд. Ҳамин тавр, Баҳром озими сафар шуд.
Аз рафтани Баҳорм чанде нагузашта буд, ки моҷарои "тозае" дар ҳаёти оилавии Марҳабо падидор мегардад.
Модари Баҳром, яъне хушдомани Марҳабо нисбати келинаш бадмуомила буд, ӯро бо чашми нафрат менигарист. Хушдоман на танҳо Марҳабо, балки ба ду набераи хурдсолаш ёҳсоси нафрат зоҳир менамуд. Аммо Марҳабо ҳеч вокунише нисбати ин ноадолатиҳо нишон намедод, ки намедод. Кори рӯзгор, пухтупаз, шустану шӯ, нигоҳубини гову мол - ҳама ба ӯҳдаи Марҳабо буд.
Бо вуҷуди ин ҳама азобу нафринҳо, Марҳабо ҳамвора бар алайҳи чунин таззодҳои зиндагӣ ва рафторҳои хушдоманаш бо рӯҳияи қавӣ мубориза мебурд. Як хислати хуби Марҳабо сабурӣ ва устуворист. Ӯ ду кӯдакашро ҳам падар буду ҳам модар. Ҳаргиз намегузошт, ки онҳо эҳсоси бепадарӣ кунанд, ҳарчанд эҳсос мекард, ки фарзандонаш муштоқи оғӯшу дидори падаранд...
Дар ин лаҳзаҳо Баҳром дар кӯчаҳои сарди Русия аз паи кор буд, мисли ҳазорон муҳоҷири овора, мисли ҳазорон падар дур аз фарзанд. Аммо ӯ гоҳ - гоҳе тавассути телефон аз ҳоли ҳамагон воқиф мешуд ва маблағи каме ҳам ирсол мекард. Аммо Марҳабо ҳеч гоҳ лаб аз шиква боз намекард ва ба шавҳараш чизе намегуфт, чун медонист, ҳама чи гузаранда аст.
Сабаби ба Марҳабо нафрат доштани хушдоман ин буд, ки у намехост аз ҳамон аввал Марҳабо келини ӯ шавад, чун Марҳабо аз оилаи нодор буд ва Баҳром ӯро бо хоҳиши худаш ва нимрозигии модараш ба арӯсӣ гирифта буд.
Зиндагии пурдард ба муйҳои мушкини Марҳабо гарди сафед пошид. Бечора Марҳабо, шабона ҳине, ки кӯдаконашро бо аллаи модарона хоб менамуд, оҳиста-оҳиста ва дарун -дарун ашк мерехт. Гиряи ӯ чун гиряи садҳо модар садо надошт. Ашки ӯ аз абри дил меборид.
Шоми фироқ ҳам сипарӣ гашту субҳи висол тулӯъ кард. Ғурбати Баҳром ҳам сар омаду "Юсуфи гумгашта" боз ба оғӯши хонаводаи хеш пайваст. Дубора байтулҳазани Марҳабо табдил ба байтулшараф гардид. Омадани Баҳром баъди зиёда аз як сол рӯзи туйро мемонд. Баҳром аз нахустин рӯзҳои оворагардияш ва бекор будану азобҳояш дар ҷоддаҳои сарди Русия қисса мекард ва Марҳабо чун кӯдаке пои сӯҳбати ӯ нишаста, бо диққат гӯш медод. Модарон дили бузурги бахшанда доранд. Модари Баҳром чун азобу уқубат, гушнагию бепаноҳӣ ва бо мушкилӣ ба даст овардани маблағро аз писараш мешунавад, саросемавор аз ҷояш бархоста, Баҳромро ба оғуши меҳр кашида, борони бӯсаро бар рую муйи у рехт ва ошкоро аз муносибате, ки бо келинаш дошт, пушаймон шуду сахт гирист. Ва аз писару келинаш талаби қабули узру маъзарат намуд.
Аз миён солҳо сипарӣ шуданд ва ҳоло бошад Баҳрому Марҳобо-хола соҳиби наберагони дустрӯяк гашта, бо хушҳолӣ зиндагӣ доранд.
Бубинед, каҳрамони мо то чӣ андоза сарзанишу нобаробариҳоро таҳаммул намуда, бо рӯҳияи қавӣ ва умеди устувор мубориза бурдааст. Ҳаёти Марҳабомонандро шумори зиёди модарони тоҷик, аз чумла модарони рустоӣ аз сар гузаронида ва аз сар мегузаронанд.
Афсус, имрӯз дар ҷомеа чунин занҳову модарон ангуштшуморанд. Магар онҳо намедонанд, ки асоси ин ҳама ҷудоӣ ва нобаробарию камбудиҳо аз ноустуворию ҳамдигарнофаҳмии занони имрӯза вобаста аст?
Сабр талх омад, валекин оқибат
Меваи ширин диҳад, пурманфиат
ФИРДАВСИ АЪЗАМ