Музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон идома меёбад

Имрӯз дар шаҳри Женева музокироти миёни Эрон ва шаш кишвари пешрафтаи олам идома хоҳад кард. Дар ин гуфтушунид оид ба барномаи ҳастаии Эрон, ки баъд аз зӯҳри дирӯз шурӯъ шуд, ҳайати кишварҳои пешрафта – Бритониё, Чин, Фаронса, Русия, Амрико ва Олмонро вазири хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Катрин Эштон ва ҳайати Эронро Сайид Ҷалилӣ, Дабири Шӯрои амнияти миллии кишвар раҳбарӣ мекунанд.
Ҷонибҳо рӯзи аввали музокиротро ҳамчун “созанда” арзёбӣ намуданд ва аммо дар бораи ҳосил шудани созише иттилоъ зери даст нест.
Кишварҳои ғарбӣ Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ гумонбар мехонанд ва аммо Теҳрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш аҳдофи осоишта дорад.
Музокирот дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон баъд аз таваққуфи тақрибан яксола аз сар гирифта шуд.