Бориши барфи зиёд дар Тотористон зиндагиро дар Қазон-пойтахти он ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст. Интиқоли барқ дар баъзе қисматҳо қатъ шудааст ва дар ҳаракати нақлиёти шаҳрӣ мушкил пеш омадааст. Ҳавопаймоҳо парвозҳои худро ба таъхир андохтаанд. Макотиб баста шудаанд. Рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар ин ҷумҳурии Русия барфу боди шадид боиси қатъи симҳои интиқоли барқ шуд. Ҳоло беш аз 200 гурӯҳи ёрирасон ба мардуми ниёзманд кӯмак мекунанд.