Қарор аст имрӯз дар Женева музокироти ҳастаии Эрон бо кишварҳои абарқудрати ҷаҳон дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон аз сар гирифта шавад. Музокироти мазкур барои рӯзҳои 6 ва 7-ӯми декабр дар назар гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки дирӯз телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки ин кишвар урани тавлидкардаи дохилии худашро дар корхонаи ҳастаиаш истифода хоҳад кард. Алӣ Акбар Солеҳӣ-раиси созмони энержии атомии Эрон аз ин иқдом пазироӣ кард ва аз ин моддае, ки акнун дар Эрон тавлид мешавад, ба истилоҳ "Кейк ё кулчаи зард" ном бурд. Майк Ҳаммер-як мақоми расмии Кохи Сафеди Амрико гуфт, ин иқдоми Эрон "нигарониҳои иловагиро" ба бор хоҳад овард. Вале вай гуфт, чунин кор ғайри қобили пешбинӣ набуд. Эрон мегӯяд барномаҳояш сулҳомез аст.