Дар Душанбе вазъи ҳуқуқии маҳбусони умрбодро баҳс хоҳанд кард

Рӯзи 6 декабр дар Душанбе нишасти дурӯзае оғоз ба кор хоҳад кард, ки дар он мавзӯъи мурооти ҳуқуқи маҳбусони умрбод ва меъёрҳои рафтор бо чунин маҳбусон баҳс хоҳад шуд.
Сергей Романов, мудири Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон гуфт, ҳадафи ҳамоиш ба кормандони маҳбасҳои Тоҷикистон таълим додани меъёрҳои ҳуқуқии рафтор бо маҳбусони умрбод аст. Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон мақоми ҳуқуқии маҳбусони умрбод ноқис боқӣ монда, чунин зиндониён амалан аз шонси тарбияву ислоҳ шудан маҳрум мешаванд.
Нишасти Душанберо дафтари созмони “Ислоҳоти байналмилалии зиндонҳо” дар Осиёи Марказӣ бо кумаки молии ИА ва САҲА ташкил додааст.