Дар шимоли Тоҷикистон яке аз раҳбарони гурӯҳи мазҳабии манъшудаи Ҳизб-ут-Таҳрирро боздошт кардаанд. Мақомоти умури дохилаи вилояти Суғд гуфтаанд, ин сокини 56-сола ва қаблан ҳам зиндонишудаи шаҳри Хуҷанд дар ҷараёни як амалиёт дар як посгоҳи воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ боздошт шудааст. Исми ӯ оварда нашудааст, вале гуфта мешавад, ки ин нафар соли гузашта баъди 7 соли зиндон раҳо шуда, дубора даст ба таблиғи ақидаҳои Ҳизб-ут-Таҳрир задааст.
Тайи 2 ҳафтаи охир дар вилояти Суғд дастикам 11 нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ин гурӯҳ дастгир кардаанд. Фаъолияти Ҳизб-ут-Таҳрир, ки барои ташкили як хилофати воҳиди исломӣ дар Осиёи Марказӣ мубориза мебарад, аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2001 манъ шудааст.