Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама рӯзи ҷумъа бо як сафари ғайримунтазира барои 4 соат вориди Афғонистон шуд.
Обама дар фурудгоҳи Багром ба нирӯҳои Амрико гуфт, ки онҳо дар иҷрои маъмурияти худ - шикаст додани Толибон - комёб мешаванд. Обама бо ҳамтои афғонаш Ҳомиди Карзай низ телефонӣ сӯҳбат карда, бо фармондеҳи нирӯҳои Амрикову НАТО дар Афғонистон генерал Девид Петреус ва сафири Амрико дар Кобул Карл Эйкенберрӣ мулоқот доштааст. Ин дуввумин сафари Обама ба Афғонистон дар ҳудуди 2 соле, ки ӯ ба мақоми раҳбарии Амрико нишаст, ҳамагӣ як рӯз баъд аз нашри мукотиботи маҳрамонаи дипломатии Амрико аз сӯи сомонаи WikiLeaks ва ҳам дар ҳоле анҷом ёфт, ки Кохи Сафед ба зудӣ арзёбии стротежии Амрико дар Афғонистонро нашр хоҳад кард.