Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев мегӯяд, ки мукотибаи дипломатии фошшуда тавассути сайти интернетии Викиликс бозгӯи “дипломатияи хориҷии бешармонаи ИМА” мебошад. Вай дар як нишасти матбуотӣ ҳамроҳ бо нахуствазири Итолиё Силвио Берлусконӣ дар Маскав чунин гуфт:
“Агар худо накарда ба матбуот баъзе сифатҳое роҳ ёбанд, ки дипломатҳои вазорати умури хориҷаи Русия ва ё баъзе хадамоти махсуси Русия аз ҷумла ба ҳамкорони амрикоии мо нисбат медиҳанд, онҳо ҳам як ҷаҳон лаззат мебурданд. Вале то куҷо ин чиз лозим аст? Дипломатия, ба мисли тиҷорати бонкӣ як кори ором аст, аз ин рӯ бояд бар пояи принсипҳои муайян сохта шавад”.
Дар мукотибаҳои эҳтимолии фошшуда Медведев ба унвони нафаре баҳо дода шудааст, ки заъиф ва вобаста аз нахуствазир Владимир Путин мебошад.