Моҳҳои охир дар Хоруғ 78 саг парронда шудааст, аммо шумораи сагони велгард дар кӯчаҳои шаҳр кам нагардидаанд. Ба гуфтаи масъулини шаҳрдорӣ, пок намудани шаҳр аз сагони велгард ба мушкилоти шумори як табдил ёфтааст. Ахиран раиси шаҳри Хоруғ Мулкамон Назаралиев шахсан 5 саги велгардро паррондааст.
Ба гуфтаи манбаъҳо, бинобар мушкилоти дарёфти шикорчиёни саг, раиси шаҳр маҷбур шудааст, барои рафъи ин мушкилот ташаббуси инфиродӣ ба намоиш гузорад.
"Оё паррондани сагҳои велгард убол аст?"
Ба гуфтаи муҳандиси идораи комуналии шаҳр Ёрабшо Арабшоев, дар солҳои қаблӣ ба бемори гирифтор гардидану бармаҳал фавт кардани шикорчиёни сагҳои шаҳр, дар зеҳни мардум тасаввуротеро ба вуҷуд овардааст, ки паррондани саг убол аст ва ҳеҷ кас ин вазифро бар дӯш гирифтан намехоҳад.
Ба гуфтаи муҳандиси корхона, барои шикори сагони велгард онҳо мардикорон аз ноҳияи Ишкошим ва Мурғоб ҷалб намудаанд.
Як сокини қирғизтабори Мурғоб пас аз паррондани 7 саг аз тарси ба гуфтааш «ба ғазаби худо» гирифтор нашудан сагпаррониро тарк кардааст. Мардикорон аз ноҳияи Ишкошим гуфтанд, барои шикори ҳар як саг барояшон 10 сомонӣ пардохт шуда, азбаски барои баргаштан ба хонаҳояшон ба пул ниёз доштанд, ба шикори саг розӣ шуданд, аммо ҳамагӣ 15 сагро шикор карда, туфангро ба замин гузоштанд.
Тарси мардум аз сагони велгард
Масъулини қаблии раёсати дохилаи Бадахшон имконияти ширкати кормандони милисаро дар амалиёти шикори сагҳои велгард ва газанда рад намуда гуфтанд, ки « милисаҳо дар назари мардум Азроил будан намехоҳанд» ва муассисаи манзиливу коммуналӣ бояд аз рӯи муқаррарот кори безараргардонии сагҳоро ба иҷро расонад.Ба гуфтаи муҳандиси корхонаи фаръӣ, ахиран ду нафар кормандони шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳр ба амалиёти безарагардонии сагҳои велгард сафарбарбар шуданд.
Ба гуфтаи сокини Хоруғ Рустами Содиқиён, бахусус бозори Хоруғ аз сагони велгард пур шудааст. Вай баён кард, ки сокинони манзилҳои наздик ба бозор, бо фаро расидани шом аз тарси сагҳо наметавонанд ахлотро ба партовгоҳҳо баранд. Бештари ин сагҳои велгард дар бозор, ки рӯзу шаб озод сайр доранд, ба манбаъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва манбаъи таҳдид ба одамон табдил шудаанд.
Муовини аввали раиси шаҳри Хоруғ Абдулло Хубердиев изҳор дошт, ки онҳо ҳамчунин аз усули бурда партофтани сагҳои велгард ба маҳаллҳои беодам истифода кардаанд. Вале деҳотиён ва сокинони шаҳр ҳамроҳашон ба бозор сагҳояшонро низ меоранд ва бархе аз ин сагон муқими ин ҷо мемонанд.
"Депортатсия"-и бенатиҷаи сагҳо
Аммо ба гуфтаи журналист Ҳумоюн Самимӣ, кӯшиши «депортатсияи» сагҳои велгард натиҷа надодааст. Зеро сагҳои аз шаҳр ба деҳоти дуру наздик бурда, бо фаро расидани сармо ва эҳсоси гуруснагӣ боз рӯ ба шаҳр оварданд. Ба фикри журналист, мавҷудияти бозор ва партовгоҳҳои зиёди назди он ва кӯчаҳои шаҳр барои сагҳо муҳити созгорро фароҳам сохта, сагони велгард аз ҳар сӯ ба ин ҷойҳо рӯ меоранд.
Мудири маркази саломатии шаҳр Зебӣ Аноятова гуфт, ки таи соли равон бар асари газидани саг панҷ нафар ба марказ муроҷиат кардааанд.
Ба иттилоъи мутахассисони марказ, аммо шумори саггазидҳо ба маротиб зиёдтар буда, бештарашон ба шӯъбаи осебшиносии бемористони вилоятӣ афтодаанд.
Ҳамчунин ду мавриди ҳамлаи сагон ба шаҳрвандони хориҷӣ- як корманди муассисаҳо ва як сайёҳ дар шаҳр ба қайд гирифта шуда, пизишкон ба онҳо кӯмаки тиббӣ расонданд.
Мақомоти шаҳрдорӣ мегӯяд, айни ҳол сагони кӯчагард ва бесоҳиб шаҳрро пур кардаанд ва анҷоми бақайдгирии сагҳои хонагӣ , ки дар шаҳр шурӯъ шудаааст, барои кам кардани сагҳои сайёр дар кӯчаҳои шаҳр мусоидат мекунад.