Шоми дирӯз дар фарҷоми нишасти сатҳи олии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, эъломияе бо унвони “Ба истиқболи ҷомеъаи амн” қабул шуд. Дар ин бора Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон – раҳбари феълии даврии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо хабар дод. Қабули ин санад ба дарозо кашид, гурӯҳи коршиносон рӯи таҳияи он тақрибан даҳ соат пушти дарҳои баста кор кард. Чанд кишвар - Русия, Гурҷистон, Молдова, Арманистон ва Озарбойҷон ба бархе нуктаҳои эъломия дар робита ба низоъҳое, ки ин кишварҳо вориди онҳоянд, нукта гирифтанд.
Дар нишасти Остона сарони 28 кишвар ширкат доштанд. Аз ин пеш чунин мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо 11 соли қабл баргузор шуда буд.
Дар нишасти Остона сарони 28 кишвар ширкат доштанд. Аз ин пеш чунин мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо 11 соли қабл баргузор шуда буд.