Ҷалби аҳолии маҳаллӣ ба ҷустуҷӯи мусаллаҳон дар Балҷувон

Мақомоти интизомии Тоҷикистон шикорчиёни маҳаллиро ба амалиёти ҷустуҷӯи гурӯҳи мусаллаҳе ҷалб карданд, ки шоми 1-уми декабр дар мавзеи Дӯлонамайдони ноҳияи Балҷувон бо ҳамла ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва беҳдошт 4 корманди милисаро ба ҳалокат расонданд. Дар бораи мансубияти мусаллаҳон иттилои дақиқ мавҷуд нест, аммо эҳтимол меравад, афроди ҳамлавар маҳбусони фирорие бошанд, ки 23-юми августи соли равон аз Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти Тоҷикистон фирор кардаанд. Ба амалиёти ҷустуҷӯи гурӯҳи мусаллаҳ, ки аз зиреҳпӯш ва чархболҳо низ истифода мешавад, сардори раёсати полис дар вилояти Хатлон, Абдураҳмон Бузмаков сарварӣ мекунад. Бино ба маълумотҳои дарёфтё, шумораи мусаллаҳон 8-10 нафар тахмин зада мешавад.