Бар асари як даргирии мусаллаҳона дар мавзеи Дӯлонаободи ноҳияи Балҷувон шоми рӯзи 1 -уми декабр дар ин ҷо чаҳор корманди милиса кушта шудаанд. Мақомоти ноҳия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кардаанд. Дар бораи мансубияти мусаллаҳон иттилои дақиқ мавҷуд нест, аммо эҳтимол меравад, афроди ҳамлавар маҳбусони фирорие бошанд, ки 23-юми августи соли равон аз Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти Тоҷикистон фирор кардаанд. Шумораи мусаллаҳон 8-10 нафар тахмин зада мешавад. Нерӯҳои амниятӣ ҳоло ба ҷустуҷӯи онҳо машғуланд.