WikiLeaks: Ҳукумати Русия ҳамкори олами ҷиноист

Бино бар асноди махфие, ки торнамои Викиликс дар ихтиёри рӯзномаи "Гордиан"-и Британия гузоштааст, дар байни мақомоти Русия ва олами муташаккили ҷиноӣ пайвандҳои наздик мавҷуд будааст. Дар нома омадааст, як додситони аршади Испания ба намояндагони Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, Русия амалан як "давлати мафиёи"-ст, ки дар он аҳзоби сиёсӣ ва олами ҷиноӣ "дасти ба даст" амал мекунанд. Бино бар гуфтаҳои додситон Хосе Гонзалес, ки ҷинояткории муташаккилонаи русӣ дар Испанияро таҳқиқ мекардааст, хадамоти иктишофии Русия барои бархе аз аъмоли ҷиноӣ, аз ҷумла қочоқи аслиҳа аз олами ҷиноӣ истифода намудааст. Дар номаи дигар, ёвари вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Даниел Фрид бовар доштааст, ки Путин, ба эҳтимоли зиёд аз тарҳи қатли дигарандеш Александр Литвиненко дар соли 2006 дар Лондон бохабар буд.