Ба сирқати бонкӣ айбдор шудани ҷавонони тоҷик дар Амрико

Бино ба гузориши рӯзномаи амрикоии “Denver Post”, ҳайъати мунсифаи додгоҳи Денвер 16 ҷавон аз Тоҷикистону Русияро ба сирқати 300 000 доллар аз суратҳисобҳои бонкӣ дар зарфи 15 моҳ муҷрим шинохт. Додситонии Денвер гуфтааст, ин гурӯҳ таҳти раҳбарии Азимҷон Маҷидов, Фирӯз Шарифӣ, Фирдавсӣ Урунов ва Бобокалон Шарипов, ки ҳамагӣ аз 19 то 23 сол доштаанд, бо истифода аз номи худ ва номҳои ҷаълӣ маблағҳоро аз суратҳисобҳои бонкӣ берун мекашид.
Ин чаҳоргона ва шарикони онҳо ба нақзи 41 банди қонун, аз ҷумла қонуни мубориза бо ҷиноёти муташаккилонаи аёлати Колорадо айбдор мешаванд.