Вазорати дохилаи Афғонистон мегӯяд, афроди мусаллаҳ дар вилояти Кобул 9 нафар кормандони амниятии роҳсозиро рабудаанд. Афроди мусаллаҳ рӯзи душанбе дар вулусволии Сорубӣ, дар 45 километрии шарқи Кобул ба посбонон ҳамла бурданд. Вазорати дохила мегӯяд, 9 нафар рабуда шудаанд ва 9 нафари дигар аз маҳали ҳодиса фирор кардаанд. Вазорат аз афрод ва ширкати роҳсозӣ ном набурдааст.