Ҳангоме, ки дар шабакаи интернетӣ хабарҳои марбут ба Тоҷикистонро ҷустуҷӯ мекардам, чанд сафҳаи интернетӣ мақолаҳоро дар бораи боз шудани тарабхонаи тоҷикӣ дар Лондон пешниҳод кард. Масалан, рӯзноманигоре бо номи Ҷулет Ейсенск навиштааст, ҳар гоҳ дар Аврупо сухан дар бораи ғизоҳои кишварҳои Осиё ба миён ояд, мардум ҳатман ғизоҳои суннатии ҳиндиву тайландӣ ё чиноиву ҷопонӣ ё мисли онро ба ёд меоранд.
Вай мегӯяд, бо ташрифе ба тарабхонаи "Самарқанд" дар Мэрлибон дар қалби Лондон барои худ ҷаҳони дигареро кашф кардааст. Вай навиштааст, нони танурӣ ва самбӯсаву кабобҳои тоҷикӣ, палав, шӯрбо ва амсоли он лаззати дигаре, лаззати гувороеро аз Осиё ба вай бахшидааст.
Вай аз ғазоҳо гирифта, то шириниҳову нӯшиданиҳои миллии тоҷикӣ чашида, таъомҳои нави лазизро барои худ кашф кардааст.
Дар мақолаи дигар, муаллифи он Стефанӣ Ҳиршмиллер дар бораи ороиши дохили тарабхона таасуроти худро ба қалам додааст ва гуфтааст, ороишоти суннатии Осиёи Марказӣ бо ороишоти муосири ғарбӣ омезиш ёфтааст ва муҳитро ба истилоҳ "гарму самимӣ ва фараҳбахш" кардааст. Стефанӣ навиштааст, тарабхонаро Бек ва Иска Назрӣ-ду бародар аз Тоҷикистон боз кардаанд...
Ба ин тарз муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар Лондон шояд касеро, ки ба марзу буми Тоҷикистон наздик аст, бетараф нагузорад. Бино бар ин, ман аз сомонаи интернетии тарабхонаи "Самарқанд" шумораи телефонҳоро гирифтам, то Бек ва Искаро дар Лондон пайдо кунам.
Гӯшии телефонро модари онҳо Замира Муҳаммадӣ бардошт ва гуфт, ки Бек ва Иска писарони вай мебошанд, яъне Рустамбек ва Искандар ва онҳо зери раҳнамоии модар ин тарабхонаро боз кардаанд. Ба гуфтаи хонум Замира, ҳоло дар ин тарабхона 35 нафар кор мекунанд ва аксари онҳо, ба ҷуз аз посбонон, зодагони Тоҷикистон ва аз Самарқанд мебошанд. Замира Муҳаммадӣ ба ин пурсиш, ки ин тарабхонаро кай боз кардаанд гуфт:
- Тарабхонаи "Самарқанд" 15-ӯми сентябр дар Лондон боз шуд.
- Ин тарабхона дар куҷо ҷой гирифтааст, дар маркази Лондон?
- Бале, дар маркази Лондон. Ин маҳалро Мэрлибон Ҳай Стрит мегӯянд ва хеле пуродам аст.
- Мумкин аст бигӯед, ки чаро тарабхонаро "Самарқанд" ном кардед?
- Ин чанд сабаб дорад. Ба назари ман, албатта ин фикри ман аст, Самарқанд маркази Осиёи Миёна аст. Дар Аврупо, дар Амрико, умуман дар ҳама ҷо ин шаҳрро мешиносанд. Барои ҳамин мо номи тарабхонаро "Самарқанд" мондем. Ғайр аз ин, решаҳои ман аз Самарқанд аст, падару модарам дар Самарқанд ба дунё омадаанд, барои хотири падару модарам тарабхонаро "Самарқанд" ном мондем. Шояд сабабҳои асосӣ ҳамин аст.
- Аз рӯзе, ки шумо ин тарабхонаро боз кардед, тақрибан ду моҳ мегузарад. Дар ҳамин муддат муштариён ба нозу неъмате, ки тарабхона ба онҳо пешкаш мекунад, чӣ фикру ақида доранд?
- Ду моҳ мешавад, ки кор мекунем. Муштариён баҳои баланд медиҳанд. Мо аз ин, албатта, хеле хушҳол ҳастем. Ин натиҷаҳои заҳмати хеле бузург аст. Ин заҳмати оилаи мост. Дар ин тарабхонаи оилавӣ писаронам Рустамбек ва Искандарбек саҳми хуб гузоштанд. Ҳоло ин тарабхонаро дар Лондон мешиносанд. Меҳмонони зиёд дорем. Дар маҷаллаҳо ва матбуот навиштанд, ки "The best restaurant in Europe", яъне беҳтарин тарабхона дар Аврупо. Ин аввалин аст.
- Ман ҳам баъзе хабарҳоро дар шабакаҳои интернетӣ дидам, ки гуфтаанд, ин яке аз тарабхонаҳои беҳтарини Осиё дар Лондон ба шумор меравад. Барои ҳамин ба як хонаводаи хурд, яъне барои шумо ва ду писаратон боз кардани ҳамин гуна тарабхонаи муътабар дар қалби Аврупо мушкил набуд, чун ҳар кас ба худаш иҷоза намедиҳад, ки дар яке аз гаронтарин шаҳрҳои дунё мисли Лондон тарабхона боз кунад?
- Медонед, ин заҳмати хеле зиёди дусола буд. Хеле заҳмат кашидем. Кори тӯлонӣ буд. Намехоҳам ин ҷо дар бораи мушкилӣ сӯҳбат кунам. Ҳадафи асосӣ фақат ҷамъ кардани пул нест. Мо ин масъаларо низ мефаҳмидем, ки ҳадафи асосии оилаи мо бояд нишон додани фарҳанг ва обрӯи Тоҷикистон ва Осиёи Миёна низ ба ҷаҳониён бошад. Вақте, ки дар тарабхонаҳои Лондон мегардед, масалан ҳама медонанд, ки ресторани Италия ҳаст, ресторани Фаронса ҳаст ё ресторанҳои амрикоиро ҳама мешиносанд. Вале агар гӯед, ки ресторан аз Осиёи Миёна ё ягон таъом аз Осиёи Миёна касе намешиносад. Мо ин масъулиятро ҳис мекунем ва таъомҳои мо хеле хушлаззатанд. Онро зуд дӯст медоранд. Барои ҳамин, мақсади асосӣ ҳамин буд, ки мо дар баробари кишварҳои дигар минтақаи худро шинос кунем.
- Чунин ба назар мерасад, ки ба воситаи шумо хӯрданиҳои лазизи тоҷикӣ ба Лондон рафт ва акнун ба муштариёни аврупоӣ ба истилоҳ "хӯрокҳои лазизи тоҷикӣ" пешкаш мешавад. Вақте, ки шумо ин хӯрокҳоро ба муштариён пешкаш мекунед, онҳоро ҳамчун хӯрокҳои тоҷикӣ муаррифӣ мекунед, ё таври дигар?
- Албатта ҳамчун хӯрокҳои тоҷикӣ пешкаш мекунем. Масалан, оши палави тоҷикӣ. Рӯзҳоии якшанбе оши палави самарқандӣ ё рӯзҳои дигар оши палави Фарғона ё манту, тушбера, шӯрбо... Ҳамаи хӯрокҳои мо тоҷикианд. Хӯрокҳои узбакӣ ҳам дорем, аз Осиёи Миёна.
- Фикр намекунед, ки агар шумо фақат аз хӯрокҳои тоҷикӣ ном бибаред, доираи муштариён ё доираи шинохти тарабхонаи шумо маҳдудтар мешавад?
- Мо ҳам ин нуктаро дар назар гирифтаем. Барои ҳамин на танҳо хӯрокҳои тоҷикӣ, балки қирғизӣ, қазоқӣ, масалан бешбармаки қазоқӣ ҳам дорем, баъзе хӯрокҳои русӣ ҳам дорем, ураинаӣ ҳам.
- Бубинед, дар як мақолаи интернетӣ дар бораи тарабхонаи шумо, ҳатто аз борши русӣ ёдоварӣ кардаанд...
- Дуруст аст, борши русӣ ҳам дорем. Ғайр аз ин, дар остонаи Соли Нав хӯрокҳои дигари солинавӣ ҳам пешкаш мешаванд.
- Аз нӯшиданиҳои миллии тоҷикӣ чиро пешкаш мекунед?
- Чолоби тоҷикӣ, чойҳои тоҷикӣ.
- Аслан номгӯи хӯрокҳои тарабхонаи шуморо кӣ таҳия ва пешниҳод мекунад, писаратон ё каси дигаре ҳам ҳаст, ки кӯмак мекунад?
- Аксар вақт он ба ӯҳдаи ман гузошта мешавад.
- То ҷое, ки аз мақолаҳо бармеояд, писаратон Рустам дар ин бахш дар Лондон таҳсил ва дар ихтисоси худ пештоз аст. Дар Қазоқистон ва дар Русия мушовири ширкатҳо ҳам будааст?
-Бале, ҳоло ҳам дар Маскав кор мекунад.
- Ва ҳамзамон бо тарабхонаи шумо дар Лондон низ ҳамкорӣ дорад?
- Албатта. Мушовири асосии мо ҳамин Рустамбек аст. Ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа аз Маскав парвоз мекунад ба Лондон ва рӯзи душанбе бармегардад.
- Шумо бо Тоҷикистон ҳам иртибот доред?
- Бале, иртибот дорем. Аз Тоҷикистон мо ин ҷо меҳмонони зиёд дорем. Ҳар рӯз ва ҳар ҳафта. Онҳо ҷавононе ҳастанд, ки дар ин ҷо таҳсил мекунанд, дар бонкҳо ва муассисаҳои Лондон кор мекунанд.
- Бубинед, то ҳол дар Лондон ҷое набуд, ки тоҷикон-тоҷиконе, ки дар он ҷо кор ё таҳсил мекунанд, ҷамъ шаванд. Фикр намекунед, ки ин тарабхона василае хоҳад шуд, ки инҳо гаҳ-гоҳе дар ҳамин ҷо ҷамъ ва бо якдигар ошно шаванд?
- Ҳар ҳафта ҷавонони тоҷикистоние, ки дар ин ҷо кор ё таҳсил мекунанд, ҷамъ мешаванд, бо якдигар ошно мешаванд, аз кору бори якдигар огаҳ мешаванд.
- Маъмулан дар тарабхонаҳо ба муштариён таронаҳо ҳам пешниҳод мекунанд. Шояд шумо дар он ҷо мусиқиҳои осиёӣ ё тоҷикиро барои муштариён пешкаш мекунед, чун он ҳам яке аз неъматҳои маънавии миллӣ хоҳад буд ва аз он ҳам муштариён ба гунае лаззат мебаранд?
-Бале. Агар ба тарбхонаи мо дохил шавед, шумо масалан садои Шабнами Сураё, Далер Назар, Ҷонибек ва амсоли онро мешунавед.
- Фикр мекунам, ки ба ҳамин васила мардуми Аврупо, муштариёни тарабхонаи шумо бо мусиқии тоҷикӣ ҳам ошно мешаванд ва он ҳам яке аз роҳҳои муаррифӣ кардани ҳунару фарҳанги мардуми мост?
- Албатта.