Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод ва ҳамтои туркмани ӯ, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов имрӯз дар расми ифтитоҳи охирин бахши лӯлаи гази байни ду кишвар ширкат карданд. Ин дувумин лӯлаи газ дар байни Туркманистон ва Эрон буда, дар мояи январи соли оянда ба кор сар мекунад ва он гоҳ метавонад, дар як шабонарӯз 58 миллион метри мукааб гази Туркманистонро аз кони Давлатобод то полоишгоҳи Хонгирони Эрон интиқол диҳад.