Имрӯз Владимир Путин-нахуствазири Русия гуфт, Аврупо барои ширкатҳои Русия монеаҳо иҷод кардааст. Вай ҳамзамон хостори равобити наздики иқтисодӣ бо Аврупошуд. Путин зимни суханони худ дар маҷмаи иқтисодӣ дар Берлин-пойтахти Олмон гуфт, ширкатҳои Русия мехоҳанд дар Аврупо сармоягузорӣ кунанд, вале аксар вақт ба муқовемат дучор мешаванд:
"Сармояи Русияро ба соддагӣ намегузоранд вориди тиҷорати Аврупо шавад, бо вуҷуди он, ки аз нуқтаи назари иқтисодӣ ва ҳатто аз нуқтаи назари иҷтимоӣ ин кор ба нафъи Аврупост".
Путин афзуд, вай дар ин бора метавонад чанд намуна пеш орад.
Қабл аз Путин дар ҳамин маҷмаи иқтисодӣ Карл Теодор зу Гуттенберг-вазири дифои Олмон гуфт, ки пешниҳоди Путин дар бораи минтақаи иқтисодии Русия-Олмон пешниҳоди ҷолиб аст, вале афзуд, бояд дар ин замина масъалаҳои зиёд омӯхта шавад. Дар поёни имрӯз Путин дар Берлин бо Ангела Меркел-нахуствазири Олмон мулоқот мекунад.