Рӯзи охирин кори барои журналист Музофиршо Илолов дар рӯзномаи «Маърифати Шуғнон» ба 80 солагии зодрӯз, 55 солагии фаъолияти эҷодӣ ва 50 солагии муҳаббати тилоӣ рост омад. Бештари журналиситони Бадахшон худро дастпарварони мактаби касбии устод мешуморанд.
Музофиршо Илолов дар рӯзи ҷашн ба хабарнигори «Озодӣ» бештар аз ҳодисаҳои завқоваре, ки солҳои кор дар рӯзномаҳои вилоятии «Бадахшон» ва «Маърифати Шуғнон» шоҳид гашта буд, ёдовар гардид.
"Империалистони Ғарм ва ё буқаи эҷодкор"
Вақтҳои пеш, ёдовар мешавад устод, қариб дар ҳар шумораи рӯзномаи вилояти матлабе ба чоп мерасид, ки империалистони Ғарбро маҳкум мекард. Аммо чун кор он вақт дастӣ анҷом мешуд, боре ҳуруфчинҳо иштибоҳан ба ҷойи ҳарфи охири «б» ҳарфи «м»-ро чида, ин хато аз чашми навбатдорон низ пинҳон монд. Рӯзи дигар, вақте рӯзнома бо матлаби фошкунандаи «кирдори разилонаи» империалистони Ғарм ба дасти хонандагон расид, шӯру валвала бархост ва рафтори кормандони рӯзнома дар кумитаи ҳизби вилоят муҳокима ва чанд нафар танбеҳ гирифтанд.
Аммо тамошои сурати буқаи ихтироъкор ҳам фақат ба хонандагони рӯзномаи «Бадахшон» насиб кард. Бо шарофати дасти саҳифабанд аз бетаваҷҷуҳӣ, ҷойи ду сурат ва ё клишеи дар паҳлӯи ҳам қарор дошта, тағйир карданд. Акун сурати буқаро зерматн оид ба ихтирооти нави профессор ва баръакас профессори ихтироъкори шӯравӣ ҳамчун буқаи зотӣ тавсиф шудааст. Аммо шумораи рӯзнома бо ин иштибоҳ ба серхондатарин табдил шуд, зеро ҳама мехостанд, ба буқаи ихтироъкор назар кунанд.
Ба қавли устод, пайдо шудани нахустин диктофонҳо дар редаксия дар солҳои 1960-уми асри гузашта, бар сарашон бало овард. Ба дунболи як воқеа, ба диктафонҳо лақаби «шоҳидак» сахт часпид.
Як корманди редаксия бо супоиши идораи амният гуфтугузори кормандони редаксияро пинҳонӣ сабт мекард. Дар бюрои ногаҳонии ҳизбӣ кафши чанд нафар аз кормандони рӯзномаро пеш гузоштанд. Бархе барои дар гуфтугузорашон ҷой доштани танқид дар ҳаққи ҳизбу ҳукумат аз кор ронда шуданд, аммо як нафари дигар барои изҳори шодмонӣ карданаш аз супориши навиштани сармақола бекор монд.
Ба гуфтаи устод он вақт ба сармақола, агарчанде он суханҳои гуфтанӣ ҳам надошт, гонорари аз ҳама бештар мемонданд ва ҳар кас кӯшиш мекард, ки сармуҳаррир омода кардани сармақоларо ба вай супорад. Вай афзуд, вақте корманд супориши навиштани сармақоларо гирифт, гуфтааст, ки «пулаш барои як халта орд мерасад» ва бо ҳамин ба номеҳрубонӣ гирифтор гардид.
Ба гуфтаи устод, кумитаи ҳизбӣ фаъолияти редаксияро назорат мекард ва ҳатто барои нуқта ва вергули ба назарашон ноҷо муҳаррир ва ё муаллифро ба утоқи корӣ даъват мекарданд ва вай се маротиба шоҳиди дар бюрои ҳизби муҳокима гардидани фаъолияти редаксия шудааст.
Журналистикаи муосир озод аст, вале…
Ба фикри устод, сатҳи миёнаи касбии журналситони минтақа аз лиҳози дониш ва ҷаҳонбинӣ дар давраи пеш баландтар буд, аммо айни ҳол журналситони мустақил ҷавон ҳастанд, ки бо эҷодкори ва мавқеъи фаъоли иҷтимоӣ дар ҷомеа фарқ мекунанд. Ба гуфтаи устод, камшумор будани ин гуна афроди эҷодкор ва боҷуръат боис гирдидааст, ки онҳо наметавонанд дар фазои иттлоотии минтақа таъсири чашмгире дошта бошанд.
Музофиршо Илолов изҳор дошт, авҷи фаъолиятии эҷодиаш ба даврае рост омодааст, ки назорат ва фишор болои мутбуот сахт буд ва ҳатто хабарнигори суратгир «аз боло» огоҳ карда шуд, ки ҳеҷ вақт дастгоҳи аккосиро ба тарафи дигари рӯди Панҷ нагардонад, зеро метавонад барои ин муҷозот шавад.
Журналисти соибқадор изҳор кард, ки агарчанде айни ҳол матбуот озод аст, вале журналистони минтақа аз ин имконият ва озодӣ истифода намекунанд ва сахт побанди худсонсурӣ ҳастанд.
Рӯзноманигори 80 сола, ки солҳои дарози таҳти сенсори фаъолият кардааст, худро гирифтори бемории худсенсори медонад ва мегӯяд, ки ҳатто вақте барои хотира ягон чиз менависад беихтиёр андешае ба сараш мезанад, ки «мабодо мухолифи сиёсати ҷорӣ нанавишта бошад?»