То 30 фоиз боло рафтани нархи ширу шакар дар Душанбе

Дар Тоҷикистон нархи маҳсулоти ғизоӣ ҳамчунон башиддат боло меравад. Бино бар натоиҷи мониторинги вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, ки хабаргузории “Азия Плюс” нашр кардааст, назар ба моҳи сентябр қимати шир 30 дарсад, шакар – 23,7 дарсад, равған – 21,4 ва тухм 20,8 фоиз баланд рафтааст. Мақомоти ин вазорат гуфтаанд, афзоиши нархи ин маҳсулот дар саросари ҷаҳон мушоҳида шуда, ба омилҳое, чун хушксолӣ, ки боиси кам шудани ҳосил ва камбуди маҳсулот шудааст, ва ҳам ба боло рафтани нархи маводи сӯхт дар бозори ҷаҳонӣ бастагӣ дорад.
Бар асоси ин арзёбӣ, нархи як кило шакар дар бозорҳои Душанбе ба 6 сомонӣ расидааст, дар ҳоле ки моҳе пеш 4 сомониву 85 дирам буд. Як литри равған, ки моҳи октябр то 7 сомонӣ буд, феълан аз 8,5 то 10 сомонӣ ба фурӯш меравад. Нархи як литр шир аз 2, 5 сомонии қаблӣ ба 3,3 сомонӣ расида, як тухм ба ҷойи 60 дирами моҳи октябр 72 дирам шудааст.