Вазири дифои Кореяи Ҷанубӣ Ким Тай Янг баъди афзоиши интиқодҳо аз бомбборони нирӯҳои Кореяи Шимолӣ, ки боиси ҳалокати мардум шуд, аз вазифааш канор рафт. Сухангӯи президент Лӣ Тай Ҳей гуфт:
“Истеъфои вазир ба хотири беҳтар кардани фазои нирӯҳои мусаллаҳи кишвар ва ҳамчунин ба хотири расидагии беҳтар ба чандин ҳодисаи ҳамла пазируфта шуд”.
Баъзе аъзои парлумони Кореяи Ҷанубӣ иддао карданд, ки мақомот ба ҳамлаи ғофилгиронаи Кореяи Шимолӣ омода набуданд ва аз ин хотир, вокуниши онҳо фавқулодда заъиф будааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса ду мулкиву ду низомӣ ҷон доданд. Сеул гуфт, ки ҳоло шумори нирӯҳои заминиашро дар атрофи марз шадидан афзоиш дода аз ин баъд барои муқобила бо ҳамлаҳои эҳтимолии тарафи муқобил омодагии беҳтар нишон хоҳанд дод.