Дар Душанбе нишасти сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой анҷом шуд. Дар нишасти имрӯза сарвазирони Русияву Қазоқистону Чин - Владимир Путин, Карим Масимов, Вен Ҷибао ва президенти Қирғизистон Роза Отунбоева иштирок карданд. Ӯзбакистонро дар ин нишаст муовини нахуствазир Ботир Хоҷаев намояндагӣ кард. Нахуствазири Русия Владимир Путин гуфт, таъйини барномаҳои кории ояндаи ин созмонро пешниҳод мекунад:
“Мо пешниҳоди таҳияи харитаи роҳи кори даҳсолаи ояндаи ин созмонро мекунем, ки иқдомҳои мушаххаси иҷрои барномаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро матраҳ мекунад”.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ин созмон бояд дар оянда ҳам ба ҳалли як қатор масоили муҳим, пеш аз ҳама ин масъалаи таҳкими сулҳ ва амнияти минтақа, мубориза бо ҳама шаклҳои терроризм, тундгароӣ ва маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор хоҳад дошт. Ин масъалаҳо аз таҳдидҳои калидии минтақаии мо боқӣ мемонанд”, гуфт ӯ.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи раҳбарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой гуфт, ки бӯҳрони сартосарии молӣ нишон дод, ки муқобила бо баъзе тамоюлҳои манфии иқтисодӣ дар чаҳорчӯби дуҷонибаи байни кишварҳо ғайриимкон аст. Вай афзуд:
“Бунёди сохторҳои нави энергетикие, ки аз сарчашмаҳои поки экологиву қобили барқароршавӣ истифода мекунанду барои бароварда сохтани на танҳо эҳтиёҷоти худӣ, балки ба тавсеаи имкониятҳои содиротии кишварҳои узв равона шудаанд, ҷиддан суръат хоҳанд бахшид”.
Оқои Раҳмон гуфт, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои минтақаӣ аз роҳҳову гузаргоҳҳои нақлиётии амалкунанда истифода кардан зарур аст, то ки интиқолу бору коло тавассути роҳҳои оҳан ва дигар самтҳо сабуктар гардонда шавад. Вай бидуни овардани исми кишваре гуфт, мутаассифона, “гоҳо мо бо ҳолати баръакс рӯбарӯ мешавем ва аз ин кор иқтисод, риштаи иҷтимоӣ ва пеш аз ҳама мардуми оддӣ зарар мебинад”.
Дар ду соли охир Ӯзбакистон бо сабаби мухолифаташ бо бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун дар интиқоли транзитии бору мол ба Тоҷикистон монеагузорӣ кардааст.