Дар Душанбе нишасти сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой анҷом шуд. Дар нишасти имрӯза сарвазирони Русияву Қазоқистону Чин - Владимир Путин, Карим Масимов, Вен Ҷибао ва президенти Қирғизистон Роза Отунбоева иштирок карданд. Ӯзбакистонро дар ин нишаст муовини нахуствазир Ботир Хоҷаев намояндагӣ кард. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ин созмон бояд дар оянда ҳам ба ҳалли як қатор масоили муҳими марбут ба амнияти минтақа тамаркуз кунад:
“Пеш аз ҳама ин масъалаи таҳкими сулҳ ва амнияти минтақа, мубориза бо ҳама шаклҳои терроризм, тундгароӣ ва маводи мухаддир мебошад. Ин масъалаҳо аз таҳдидҳои калидии минтақаии мо боқӣ мемонанд”.
Раҳмон гуфт, ки кишварҳои узви СҲШ бояд ба сурати ҷиддӣ дар амри барқарории субот ва иқтисоди Афғонистон иқдом намоянд. Владимир Путин гуфт, ки таҳаввулоти минтақа ва хоса Афғонистон таваҷҷӯҳи хоси кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхайро талаб мекунад. Дар поёни ҷаласаи раҳбарони ҳукумати ин созмон барномаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ ва будҷаи ин созмон барои соли 2011 қабул шуд.