Эътои ордени Республикаи Молдова ба Саакашвилӣ

Раисиҷумҳури Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ дар ҷараёни боздиди якрӯзааш аз Кишинёв баландтарин нишони Молдоваро дарёфт кард. Кафили раёсатҷумҳурии Молдова Миҳай Ғимпу ба Саакашвилӣ ордени Республикаро супурд.
Саакашвилӣ ба навбаи худ аз ислоҳоте, ки Молдова тайи як соли ҳукмронии эътилофи аҳзоби ғарбгаро пиёда кардааст, истиқбол кард. Ӯ афзуд, аз миёни кишварҳои пасошӯравӣ Молдова имкони бештари пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро дорад. Аммо раисиҷумҳури собиқи Молдова, раҳбари ҳизби коммунист Владимир Воронин гуфтааст, ки ӯ даъвати Саакашвилӣ барои мулоқот дар Кишинёвро радд кардааст. Ӯ гуфт, Саакашвилӣ як замон рамзи “инқилоб ва умед” буд, вале акнун ба рамзи “ҷангу харобкорӣ ва худкомагӣ” табдил ёфтааст.