Тайи шабонарӯзи гузашта бар асари таркишу ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Ироқ дасти кам 8 нафар кушта шуданд. Дар шаҳри Шуркат, воқеъ дар шимолу ғарби Бағдод, бар асари таркиши бомб 4 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар маҳаллаҳои гуногуни пойтахт аз сӯи афроди ношинос 4 каси дигар, аз ҷумла, як донишманд ва корманди вазорати маорифи Ироқ, ҳадафи тир қарор гирифтанд.
Баъд аз ҳалли бӯҳрони сиёсии марбут ба таъсиси ҳукумати нав сатҳи хушунат дар Ироқ андаке пойин рафт.
Баъд аз ҳалли бӯҳрони сиёсии марбут ба таъсиси ҳукумати нав сатҳи хушунат дар Ироқ андаке пойин рафт.