Боздошти корманди собиқи оҷонси мубориза бо маводи мухаддир

Бархе аз кормандони собиқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза бо маводи нашъадор, ки бо сабабҳои гуногун аз кор мераванд, таҷрубаи касбиашонро дар хизмати қочоқбарон қарор медиҳанд. Бахши вилоятии раёсати оҷонсии мубориза бо маводи мухаддар иттилоъ дод, ки дар Хоруғ як корманди собиқи ин ниҳод ба иттиҳоми нигаҳдории ғайриқонунӣ ва фурӯши маводи мухаддир боздошт гардидааст.
Ба гуфтаи муфаттиши раёсати оҷонси дар Бадахшон Ораз Худодов, ҳангоми кофтукови манзили истиқоматии боздоштшуда, теъдоде аз маводи сахттаъсири ҳероин дарёфт ва ҳамчун далели шайъи ба парванда ҳамроҳ гардидааст.

Таҷриба дар хидмати қочоқчиёни маводи мухаддир

Собиқ корманди оҷонсӣ дар мавриди нигаҳдории ғайриқонунӣ ва фурӯши мухаддирот аз таҷрибаи ҳирфаии дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ андӯхтааш истифода мекардааст ва яке аз паҳнкунандагони асосии мухаддирот дар ноҳияи Шуғнон будааст.

Ба гуфтаи Ораз Худодов, ба собиқ корманди оҷонсӣ барои нигаҳдорӣ ва фурӯши ғайриқонунии мухаддирот аз 8 то 12 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Аммо сокинон боздошти собиқ корманди оҷонсӣ ба иттиҳоми нигаҳдорӣ ва фурӯши мухаддирро ҷузъе аз муомилати ғайриқонунии маводи нашъадор дар минтақа мешуморанд, ки ошкор шудааст.

Ба гуфтаи сокини Хоруғ Алим Шерзамонов, ҳанӯз ҳам нашъаҷалобони калонтаре дар шаҳру деҳот ба нигаҳдорӣ ва фурӯши мухаддирот машғул ҳастанд, аммо бинобар пуштибон доштан дар байни олами ҷиноӣ ва кормандони мақомот, боздошт намешаванд.

Дар хизмати гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ

Роҳбари ассотсиатсияи «Волонтёр» Маҳрамбек Азизмамадов мегӯяд, гурӯҳи муташаккили ҷиноие ҳаст, ки қочоқ ва фурӯши мухаддиротро назорат мекунанд, аммо худашон ба он даст намезананд. Вай ин гурӯҳро аз ҳама хатарнок барои ҷомеа хонда мегӯяд, ки онҳое, ки нашъафурушӣ мекунанд, ҳамеша таҳти назорат қарор доранд ва боздошташон низ осонтар мебошад.

Ба гуфтаи Алиёр Мародбеков, собиқ корманди мақомоти қудратии вилоят, ҳодисаҳои бо гурӯҳҳои ҷиноии қочоқбари мухаддарот ҳамкорӣ кардани кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва дар хидматашон қарор додани имконияту таҷоруби хеш дар солҳои авҷи ҷанги шаҳрванди ҷой доштанд. Вай чунин мешуморад, ки ин мушкилот дар заминаи вазъи вахими иҷтимоӣ зуҳур карда, беҳтар гаштани авзоъи сиёсӣ ва иҷтимоӣ чунин ҳамкориро айни ҳол қариб аз байн бурдааст.

"Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даст доранд"

Вале ба гуфтаи роҳбари ассотсиатсияи «Волонтёр», агар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мавқеъи ғайрифаъол ва хомушӣ ихтиёр кардани хеш ба густариши мухаддирот мусоидат намекарданд, қочоқ ва фурӯши он кайҳо аз байн мерафт ва ё ҳадди ҳақал хеле кам мешуд.

Вай афзуд, дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва марзбони ашхосе низ ёфт мешаванд, ки бо сӯистифода аз мақом, аз шонси фоида гирифтан аз муомилоти ғайриқонунии мухаддарот, ор намекунанд.

Дар ҳамин ҳол масъулини раёсати оҷонсии муборизаи зидди маводи нашъадор дар Бадахшон шиква мекунанд, ки густариш ёфтани воситаҳои мухобиротӣ дар ду тарафи соҳил кори қочоқбаронро осон ва аммо фаъолияти кормандонро мушкил сохтааст.

Ба гуфтаи масъулини раёсати оҷонсӣ, шарикони афроди қочоқбар ба воситаи телефонҳои дастӣ аз ҳаракати нақлиёти оҷонсӣ ба ҳамтоёнашон дар маҳаллҳо хабар медиҳанд ва онҳоро аз хатари эҳтимолии ба даст афтодан огоҳ месозанд ва фароҳам шудани чунин имконият ба натоиҷи амалиётҳои фаври ҷустуҷӯӣ таъсир доштааст.

Аз оғози сол то ба ҳол аз ҷониби кормандони раёсати оҷонсӣ дар Бадахшон 6 парванда марбут ба қочоқ ва фурӯши маводи мухадир боз шудааст.